Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири пешини Покистонро дубора аз ватанаш ронданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, Навоз Шарифро ба Арабистони Саъудӣ, макони зиндагии доимии ӯ тайи ин 7 соли ҳиҷрат, ихроҷ кардаанд. Навоз Шариф субҳи душанбе баробари ба фурудгоҳи Исломобод нишастани ҳавопаймои ҳомили ӯ аз сӯи мақомоти амниятии Покистон боздошт шуд. Сарвазири пешини Покистон рӯзи душанбе қабл аз ихроҷи дуборааш аз Покистон дар фурудгоҳи байналмилалии Исломобод ба хабарнигорон гуфт: "Ин як эҳсоси бузург аст, эҳсоси бузург аст, вақте ман ба хоки ватан пой мегузорам."

Навоз Шариф соли 1999 дар натиҷаи як табаддулоти бехун тавассути раҳбари кунунии Покистон Парвиз Мушарраф аз мақоми сарвазирӣ барканор гардида, ба фасодкорӣ ва ҳавопайморабоӣ муттаҳам шуд. Сарвазири собиқ сипас ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд ва то замони ба ихроҷ аз қаламрави Покистон тағйир ёфтани ҳукми зиндонаш тақрибан як солро дар маҳбас ба сар бурд.

Навоз Шариф рӯзи якшанбе дар Лондон, пойтахти Бритониё пеш аз нишастан ба ҳавопаймое, ки ӯро ба Покистон мебурд, ба хабарнигорон гуфт, ӯ ба хотири ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурии Покистон ва мубориза дар ин маърака бо ҳукумати низомии Парвиз Мушарраф ба Исломобод бармегардад.

"Чунин мавқеъият дубора пеш нахоҳад омад. Чунин мавқеъият ками дар кам пеш меояд. Кишвар бояд аз ин имконият ба нафъи худ истифода кунад ва бояд ҳаққи ин 160 миллион мардум ба онҳо баргардонда шавад. Ман ба ҷуз ин барномаи дигаре надорам, барномаи ман ҳамин аст. Назари ман ва мақсади ман ҳамин аст."


Субҳи имрӯз издиҳоме аз тарафдорони Навоз Шариф ба истиқболи ӯ дар атрофи фурудгоҳи Исломобод гирди ҳам омада, истеъфои Парвиз Мушаррафро талаб мекарданд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, мамониати нирӯҳои пулис ба ҳаракати тарафдорони Навоз Шариф ба сӯи фурудгоҳ ба даргирӣ печида, дар натиҷа чанд тан аз тазоҳургарон, бо шумули аъзои асосӣ ва фаъолони ҳизби Лигаи мусалмонони сарвазири пешин боздошт шудаанд.

Дар нахустин вокуниш ба қарори ихроҷи дубораи Навоз Шариф аз ҳудуди Покистон, Кристина Ҳоманн, сухангӯи Кумиссиюни Аврупо гуфтааст, бояд ба ӯ тибқи ҳукми Додгоҳи Олӣ имкони бозгашт ба Покистон дода мешуд.

Навоз Шариф тайи солҳои навадуми асри гузашта ду дафъа ба курсии сарвазирии Покистон нишаста буд.
Ӯ бори аввал соли дар интихобот бар Беназир Бҳутто дастболо шуда, ба ин курсӣ нишаст. Аммо се сол баъд ба фасодкорӣ муттаҳам шуда, аз сари қудрат рафт. Бори дуввум Шариф дар интихоботи сарвазир соли 1996, дар пайи низ ба фасод муттаҳам шудан ва истеъфо додани давлати дуввуми ташкилдодаи Беназир Бҳутто баранда шуд.

Соли 1998 сарвазир Шариф генерал Парвиз Мушаррафро фармондеҳи нирӯҳои низомии Покистон таъйин кард, вале баъдан равобити байни ҳарду дар мавриди бархӯрд ба масъалаи низоъ бо ҳамсоякишвари Ҳинд бар сари минтақаи баҳсии Кашмир ба сардӣ гароид. Шариф гумон дошт, ки Парвиз Мушарраф нақшаи аз сари қудрат дур кардани ӯро дар сар мепарварад ва аз ин рӯ талош кард, Мушаррафро замоне, ки ӯ ҳанӯз дар роҳи бозгашт аз сафари Шри Ланка дар ҳавопаймо қарор дошт, аз мақомаш сабукдӯш кунад. Ва аммо артиш тавассути як кудатои бехун бар ҳукумати Навоз Шариф нуқтаи таммат гузошт ва генерал Мушаррафро ба сари қудрат овард.

Навоз Шариф баъди тақрибан як соли дар зиндон ба сар бурданаш, моҳи декабри соли 2000 ҳамроҳ бо хеле аз аъзои хонаводаи бузурги худ Покистонро ба қасди Арабистони Саудӣ тарк гуфт ва то кунун асосан дар Саудия ба сар мебурд. Давлати Покистон он замон эълон карда буд, ки Навоз Шариф ва аъзои хонаводааш 10 сол хориҷ аз ватан ба сар хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG