Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги Ироқ аз нигоҳи амрикоиён ва ироқиҳо


62 %-и амрикоиҳо гуфтаанд, ҷанги Ироқ як иштибоҳ буд ва 59 дарсади онҳо мегӯянд, ин барнома ба қурбониҳо ва хароҷоти Иёлоти Муттаҳида сазовор нест.

Ҳамин гуна қариб ҳамаи баҳогузории амрикоиҳо ба қазияи Ироқ дар назарсанҷие, ки рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" ва шабакаи телевизионии CBS News (5-8 сентябр) анҷом додаанд, манфӣ мебошад. Ҳамагӣ 5 дарсади ширкаткунандагони ин пурсиш ба шеваи кори ҳукумати президент Буш дар ҷанги Ироқ изҳори эътимод кардаанд, ки пасттарин нишондиҳанда аст, 21% ба нақши Конгресс дар қазияи Ироқ бовар доранд ва 68% ба фаросоти фармондеҳони амрикоӣ дар Ироқ такия мекунанд.

Қариб аз се ду ҳиссаи амрикоиҳо бар инанд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд ҳузури ҳарбияшро дар Ироқ коҳиш диҳад ва 64 дарсади онҳо аз ҷадвали замонбандии хуруҷи нирӯҳо дар соли 2008 пуштибонӣ мекунанд. Ба ин тартиб аҳолии Амрико аз тарҳи президент Буш дар афзоиши нирӯҳо ҳамчун роҳи ҳалли мушкили Ироқ ҳимоят накард. Иттифоқан дар як назарсанҷии дигар, ки шабакаҳои ҷаҳонии BBC, ABC News ва NHK дар дохили Ироқ дар охири моҳи август анҷом доданд, аксари ироқиҳо низ афзоиши нирӯҳои Амрико дар Ироқро дар моҳи январ як амали бефоида номид ва гуфт, ин афзоиш вазъро бадтар кардааст. Тибқи натиҷаҳои ин пурсиш, шумораи ироқиҳое, ки хоҳони хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқанд, ба маротиб зиёд шудааст, вале ҳамзамон беш аз нисфи посухдиҳандагон тарафдори боқӣ мондани амрикоиҳо дар Ироқ то беҳбуди амниятанд.

Арқому адади манфӣ дар арафаи баҳси нави ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар мавриди ҷанги Ироқ нашр шуданд ва ноқаноатмандии куллӣ аз вазъи мавҷударо нишон медиҳанд. Вале президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш мегӯяд: "Бешубҳа, кори сахте дар пеш аст. Аммо раъйи ман ҳамон гуна қавист, ки буд. Ман бовар дорам, ки мо кори дурусте анҷом медиҳем барои амнияти кишвар ва сулҳи ҷаҳон."

Ин ҳам дар ҳоле ки 60%-и амрикоиҳо мегӯянд, мақомоти давлат дидаву дониста мардумро дар масъалаи ҷанги Ироқ раҳгум занонданд. Дар ҳоле ки ба ҳокимияти Буш 16 моҳи дигар боқӣ мондааст, 64%-и амрикоиён фаъолияти президентии ӯро маъқул намедонанд.

Аммо назарсанҷӣ нишон дод, ки нархи гарони вазъи печидаи Ироқро на танҳо Буш ва ҷумҳурихоҳон, балки демократҳо низ мепардозанд ва Конгреси таҳти назорати демократҳо низ дар ҳоли заъф вориди баҳс бо ҳукумат мешавад. Ба ақидаи таҳлилгарон, мардум аз он норозист, ки демократҳо натавонистанд, хостҳои интихобкунандагонро ба иҷро расонанд ва дар муқобили ҳукумат нармиш нишон доданд. Ба натиҷаи пурсишҳои ом, мардум хостори тундравиҳо дар ҳалли мушкили Ироқ нест. 71%-и он мегӯяд, қарори боэҳтиёти хуруҷи тадриҷии нирӯҳо бар пирӯзии номаълум, мавқеъи Буш ва хуруҷи билофосила, мавқеъи демократҳо, бартарӣ дорад. Аз нигоҳи сиёсатшиносон, натиҷаҳои ин назарсанҷӣ на танҳо ба баҳси ду тараф дар Вошингтон, балки ба интихоботи президентии соли ояндаи Амрико низ таъсири амиқ хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG