Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳе ба ҷанги Ироқ


Дар ин бора

Ман дар умеди онам, ки дар Ироқ сулҳу субот бошад ва хуб мешуд худи халқи Ироқ ҳамон диндорон ҷангро бас мекарданду роҳи тараққиёт ва ободиро пеш мегирифтанд. Бадхоҳии Ироқ ва диктатори собиқ зидди Амрико бадхоҳӣ мекард Ироқро имрӯз ба ҳамин ҳолат оварда расонид. Мегӯянд ки ба дигаре бадхоҳӣ накун як рӯз мешавад ба сари худат меояд. Мана мисол давлати ҳамсояи худи мо ҳам дав солҳои ҷанг бадхоҳӣ карда ба сари худаш аз дарун проблемаҳо сар зада истодааст, ҳамин тавр не дӯстон!

Проблемаи Ироқ барои ҷаҳониён ин як намуна аст ва дар ин бора бояд фикр кард дӯсти азиз Комилҷон!

Ҳендсом
--------------------------------------

Салом ба кормандони Радиои Озодӣ ва ҳамаи хонандагони Майдони баҳс!
Аввалаш, ки ман нафаҳмидам ин чи хел мешавад: Шумо навиштед, ки 62 фоизи америкоиҳо гуфтаанд... ва 71 фоизи онҳо мегуянд... Агар одди карда ҳисоб кунем ин мешавад 133 фоиз. барои ин ман ба ин рақамҳо бовар надорам.

Дуюмаш, ки шахсан барои ман фарк надорад, ки дар оянда дар Ироқ чи гап мешавад. Ба фикрам ягонтои онҳо ҳам парвои Тоҷикистонро надорад ва намедонад, ки Тоҷикистон ҳаст ё нест. Проблемаҳои худамон кам аст, ки мо боз дар бораи Ироқу Фаластин фикр кунем!?
Саломат бошед.
Комилҷон аз Душанбе.
----------------------------------------

Салому пайом ба ҳаводорони сомонаи радиои Озодӣ.
Ба назари ман давлати Омрико ҳамакнун дар ИРОҚ чун як мошине дар мийони ботлоқ ғӯтидааст ки аз он бурун омадан ба осонӣ даст намедиҳад.

Ин чанг барои мардуми одии омрико хело ҷанги сангин махсуб мешавад, чаро ки модарони ҷигарсӯхта фарзандони худро ба ҷанг гусел мекунанд ва намедонанд ки онҳо солим ба хона меоанд ё на . Дар сурати саркашӣ албатта аз ҷониби окои Буш подош хоҳанд гирифт.

Ба назари ман ихроҷи батадриҷи нируҳои омрикоӣ аз қаламрави Ироқ нисбат ба пирузии номаълуму хуручи фаврӣ беҳтар аст.

Бо эҳтиром
JELON!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
--------------------------------------
Тоҷикистонро ҳал кардем. Зиндагии мардуми тоҷик хуб шудааст. Халқи тоҷик ягон проблема надорад.
Акнун масъалаи Ироқро дидан лозим.






Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG