Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҷашн - ба пахтачинӣ


Хуҷанд. Маъсуми Муҳаммадараҷаб Ҳазорон донишҷӯёни Суғд савори автобусҳо дар субҳи рӯзи душанбеи 10-уми сентябр аз майдони Исмоили Сомонии Хуҷанд ба саҳрои пахтазор раҳсипор гардиданд

Мақомоти Суғд мегӯянд, ки бидуни иштироки донишҷӯён дар пахтачинӣ як қисми ҳосили пахта ҷамъоварӣ нашуда, талаф меёбад, аз ин рӯ онҳову устодонашон ихтиёран ба ҷои таҳсил пахтачиниро ихтиёр кардаанд.

Аммо ба гуфтаи донишҷӯёни Суғд, онҳоро мақомот иҷборан ба кори саҳро мефиристанд. Онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти Донишгоҳ онҳоро бим додааст, агар аз пахтачинӣ сарпечӣ кунанд, аз донишгоҳ хориҷ карда хоҳанд шуд: «Мо бо хоҳиши давлат ба пахтачинӣ меравем».

«Агар мо ба пахтачинӣ наравем, бо баҳонаи он ки ба як кори ҷамъиятӣ иштирок кардан нахостаем, моро аз донишгоҳ пеш мекунанд. Ҳар донишгоҳ як низомномаи дохилӣ дорад ва дар он иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ дониста шудааст».

Як модари хуҷандӣ, ки барои гусели духтари донишҷӯяш баромада буд, ин нуктаро таъкид кард, ки фарзандаш маҷбур аст ба пахтачинӣ равад, вагарна мақомот дари донишгоҳро бар рӯи вай хоҳанд баст.

Дар ҳамин ҳол донишҷӯёни суғдӣ ва волидайни онҳо бештар аз он нигаронӣ мекарданд, ки ҳоли донишҷӯён дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, дар шароити сахту сангин чи хоҳад шуд.

Ғафур Усмонов, ноиби ректори бахши тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, низ рад намекунад, ки на дар Қонуни маорифи Тоҷикистон ва на дар Низомномаи дохилии донишгоҳ фиристодани донишҷӯён ба пахтачинӣ пешбинӣ карда нашудааст. Аммо бо ин вуҷуд донишҷӯён ба пахтачинӣ фиристода мешаванд ва ӯ инро як иқдоми истисноие меномад, ки бо дархости худи донишҷӯён ва устодони онҳо сурат гирифтааст: «Имсол низ чун ҳарсола донишҷӯён ва устодони донишгоҳи мо, ҳудуди 3 ҳазор нафар, аз рӯи дархости худи онҳо, ки аҳаммияти стратегии пахта ба давлати Тоҷикистон ва зарурати сари вақт ҷамъоварии онро хуб медонанд, ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар мешаванд».

Имсол вилояти Суғд аз рӯи нақша бояд 131 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварад. Ва беш аз 95 дарсади он бо чиниши дастӣ, ки нисбат ба мошинӣ арзонтар аст, ҷамъоварӣ мешавад. Мисли ҳарсола - асосан бо нерӯи дасти мактабиён ва донишҷӯён. Кишоварзони Суғд, ки тӯли моҳҳо дастмузди ночизи худро аз раҳбарони хоҷагиҳо рӯёнида наметавонанд, аз пахтачинӣ сарпечӣ мекунанд ва ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон ба як кори аслии бачагону ҷавонон мубаддал шудааст. Зимнан, дар замони шӯравӣ низ барои пахтачинӣ нерӯи арзони кории кӯдакону бачагон истифода карда мешуд.

Дар соли гузаштаи 2006 беш аз 6 000 донишҷӯ ва ҳазорон мактабиёни суғдӣ зиёда аз ду моҳи тирамоҳро сарфи пахтачинӣ намуданд. Дар айни ҳол бо амри мақомоти вилоят ҳазорон кормандони соҳаҳои буҷавии Суғд, аз ҷумла теъдоде аз муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ба саҳро, ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.

Донишҷӯёни Суғд мегӯянд, ки кори сахти маҷбурии пахта зеҳни онҳоро аз таҳсилу омӯзиш дур мебарад ва ба онҳо мушкили зиёд эҷод мекунад: «Аз барномаҳои таълимӣ ақиб мемонем. Хонданамон душвор мешавад».

«Дарсҳо ихтисор мешаванд, аммо муаллимон дар санҷишу имтиҳонҳо аз дарсҳои нагузаштаамон савол медиҳанд».

Аммо ба назари таҳлилгарон ва мутахассисини умури кишоварзӣ, агар барои чиниши пахта ба кишоварзон маблағи дуруст пардохт карда шавад, онҳо аз пахтачинӣ рӯ наметобанд ва ҳоҷат ба истифодаи мактабиёну донишҷӯён намемонад. Ба гуфтаи як сокини Суғд, ҳама мушкил аз он ҷо сарчашма мегирад, ки раҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва мақомот мехоҳанд бо харҷи кам ва истифода аз нерӯи кории арзон бо роҳи амру фармон ва тарғибу ташвиқ пахтаро ҷамъ оварад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар устони Суғд нархи чиниши як кило пахта аз сӯи давлат 15 дирам муқаррар шудааст. Яъне, як донишҷӯи пахтачин барои маблағи хӯроки якрӯзаи худ дар саҳро ҳадди ақал бояд 50 кило пахта ҷамъ оварад
XS
SM
MD
LG