Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигерия - барандаи Ҷоми ҷаҳонии футболи наврасон


Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар тими Испаниё аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард. Замони асосӣ ва иловагӣ бидуни гол хотима ёфт. Бад-ин тартиб мунтахаби Нигерия севвумин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дастаи Олмон, ки бар тими Ғана бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуд, соҳиби ҷои севвум ва медали биринҷӣ гардид.


Қазоқистон - Тоҷикистон: 1 : 1

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Алмати бозии дӯстонаро бо тими миллии Қазоқистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод.

Комил Саидов, ҳамлагари дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 42-ум ҳисобро боз кард. Ғайрат Нурдавлатов, бозигари тими мизбон дар дақиқаи 54-ум ҳисобро баробар намуд.


«Регар» ТадАЗ ва "Парвоз" - муддаъиёни увони қаҳрамонӣ

Даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо як бозӣ миёни тимҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи шаҳри Норак сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи меҳмон - «Парвоз» бо натиҷаи бузурги 4 бар 0 анҷом ёфт. Вале натиҷаи он мавқеъи дастаҳоро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар ҳамаи 12 бозии худ пирӯз гардидааст, мисли пешин бо 36 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз» бо 30 имтиёз мавқеъашро дар зинаи дуввум устувор кард. «ХИМА»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки 20-имтиёзӣ ба даст овардаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мувофиқан дар зинаҳои севвуму чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ» дар мусобиқоти имсола низ муддаъии аслии унвони қаҳрамонист. Сармураббии ин даста Маҳмадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд: «Мо барои ба даст овардани медали тиллои мусобиқот мубориза мебарем. Барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ҳарифи аслии мо дастаи «Парвоз» маҳсуб мешавад. Вале дастаҳои «ХИМА» ва «Вахш», ба андешаи ман, барои медали биринҷӣ талош хоҳанд кард.»

Воқеъан, дастаҳои «Регар» ТадАЗ, «Парвоз» ва «ХИМА», ҳамчунин муддаъиёни Ҷоми футболи Тоҷикистон мебошанд. Дар бозиҳои аввали ниманиҳоӣ рӯзи чоршанбеи 12-уми сентябр «Парвоз» дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ ва «ХИМА» бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG