Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ ҳангоми суханронии Карзай


Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз дигарбора гуфт, ки ҳозир аст, бо гурӯҳи Толибон музокира кунад. Ин баёния дар нишасти хабарии Ҳомиди Карзай дар шаҳри Кобул садо дод. Пештар аз ин нишаст раиси ҷумҳури Афғонистон бинобар як беназмӣ дар маросими ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд суханрониашро қатъ карда ва маҳалли он маросимро тарк гуфт.



Ҳомиди Карзай пас аз шунидани тирандозӣ дар маҳалли маросим майдони варзишии шаҳри Кобул суханронии худро қатъ кард ва аз онҷо берун шуд. Вале бахши афғонии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки садои тирандозие дар маҳалли маросим шунида нашудааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои дигар, афроде барои ворид шудан ба майдон сангандозӣ кардаанд. Дар пайи ин як муҳофизи Ҳомиди Карзай ба ӯ наздик шуда ҳарф зад ва сипас раиси ҷумҳури Афғонистон аз майдони варзишӣ хориҷ шуд.
XS
SM
MD
LG