Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз рӯзи истиқлол ва афзоиши нархи орд


Субҳи вақти рӯзи якшанбе ҷашнгоҳи аслии истиқлол - саҳни майдони аспрези Душанберо хонандагони мактабҳо, устодон ва донишҷӯён пур карда будаанд. Чун солҳои пешин имсол низ, ҷашни асосй дар ҷое баргузор шуд, ки Раиси ҷумҳур ҳузур ёфт, вале дар ин маҳал ширкати мардуми оддй маҳдуд буд буд ва танҳо афроди баландрутба, кормандони вазорату идораҳои давлатӣ аз тамошои барномаи ҷашнй бархурдор шуданд.
Яке аз барномаҳои ҷолиб ва хотирмон дар ин мусобиқаи аспдавонй пойгаи 16 нафар саворидухтарони тоҷик буд, ки бо ғолибияти духтарони ноҳияи Данғара анҷом ёфт.
Дар кучаву хиёбонҳои маркази пойтахт ва боғҳои фароғатии Душанбе назар ба солҳои гузашта мардуми камтар ба чашм мерасид.
Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, ба маротиб боло рафтани қиммати орд ва дигар маводи ғизо дар рӯзҳои ахир ва хусусан дар арафаи моҳи Рамазон дар рӯҳияи идонаи мардуми кишвар соя андохтааст.
Чанде аз сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он дар сӯҳбат гуфтанд, на эҳсоси идона, балки эҳсоси изтиробу ташвиш доранд.
Файзалй Шокиров як сокини шаҳри Душанбе мегуяд вай имрӯзи худро на бо тамошои консерт ва ё мусобиқоти варзишии идона, балки дар ҷусчтуҷуи орд сипарӣ кардааст.
Дар остонаи ҷашни истиқлол қиммати орд дар Тоҷикистон ба якборагӣ боло рафт ва бисёре аз фурӯшгоҳҳои орд ба таҳлука афтода, дар интизори боз ҳам болотар рафтани қиммати орд дарҳои худро бастаанд.
Аммо бо ин ҳама фардо низ Тоҷикистон рӯзи Истиқлолиятро ҷашн мекунад ва маросими идона қарор аст дар вилоёту навоҳи кишвар баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG