Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон: кормандони ТВТ хидмати хирсона накунед!


со

Барномаҳои таҷлил аз 16-умин солгарди истиқлоли миллии Тоҷикистон, рӯзи 8 сентябр бо як ҷаласаи расмӣ ва суханронии Прзидент Эмомалй Раҳмон шурӯъ шуд.
Тибқи барномаи ҷашни Истиқлол, интизор меравад, ки рӯзи 9 сентябр дар пойтахи кишвар ва навоҳии дигар як силсила маъракаҳову чорабиниҳои идона баргузор шавад. Вале шукӯҳ ва доманаи ҷашнҳои имсола дар муқоиса бо соли гузашта, ки Тоҷикистон солгарди 15-уми истиқлолияташро таҷлил мекард, ба маротиб хоксоронатар ба назар мерасад.
Ва аммо бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, маъракаи имсолаи таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон низ ба як минбари дигари таблиғи корномаҳои танҳо президенташ Эмомалии Раҳмон табдил ёфтааст ва дар ин маврид матбуоти давлатӣ, ба вижа радио ва телевизионҳо пешдаст будаанд. Коршиносон мегӯянд, ки бештари барномаҳои ҷашнии матбуоти давлатӣ ба амалкардҳои президент ихтисос ёфта, тасаввуреро мехоҳанд дар зеҳнҳо ҳосил кунанд, ки ҳама дастовардҳои даврони истиқлол натиҷаи фаъолиятҳои танҳо Эмомалии Раҳмон ва давлати ӯст. Ва дар зимн ин расонаҳо аз гуфтани мушкилоти доғ ва то ҳол ҳаллношудаи ҷомиа ҳаддалмумкин худдорӣ меварзанд.
Коршиносон бар ин назар аст, ки намоиш ва тавсифи беш аз ҳадди раиси ҷумҳур тавассути радиову телевизион ба эътибори ӯ метавонад таъсири манфӣ расонад.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон рӯзи 5 сентябр дар маросими гузоштани хишти таҳдоби манзили истиқоматие барои кормандони радио ва телевизиони давлатӣ, худ аз онҳо даъват кард, ки аз таърифу тавсифи барзиёди ӯ ва намоиши беш аз ҳадди чеҳрааш тавассути телевизион худдорй кунанд. Оқои Раҳмон гуфтааст, ки кормандони радио ва телевизионҳои давлатӣ бо чунин рафтор барои ӯ хидмати хирсона мекунанд.
Вале худи ҳамон рӯз ва рӯзҳои баъдӣ ин маросими гузоштани хишти аввали манзили кормандони радио ва телевизион бо ширкати Президент тавассути шабакаҳои давлатӣ батакрор пахш шуд. Албатта, ба истиснои ҳамин саҳнае, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони радиову телевизионҳои давлатӣ даъват мекард, аз таърифу тавсифи беш аз ҳадди шахси ӯ, яъне ба таъбири худи Президент, аз хидмати хирсона ба вай парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG