Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол: KАZ 0 - 1 TJK (қисми аввал)


Пас аз анҷоми қисми аввали бозии рафиқона миёни тимҳои футболи Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳисоб як бар сифр ба нафъи футболбозони тоҷик аст.


Тӯбро дар дақиқаи 40 Комил Саидов ба нишон расонид. Тавре, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қазоқистон, Насибҷон Амонӣ мегӯяд, қисми аввал баробар ва бо ҳамлаҳои ҳар ду тараф гузашт.


Ин бозӣ, имрӯз, ҳаштуми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Алма-Ато ҷараён дорад. Ин бозӣ барои тими Тоҷикистон яке аз давраҳои омодагӣ ба бозиҳои интихоботии Ҷоми Ҷаҳон-2010 омодагӣ мегирад. Рақиби Тоҷикистон дар даври аввали Ҷоми Ҷаҳон-2010 тими Бангладеш мебошад.


Қазоқистон пас аз истиқлол узви Федератсияи футболи Осиё буд ва чанд соли қабл ба Федератсияи футболи Аврупо шомил шуд ва ҳоло дар қитъаи Аврупо бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG