Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастани масҷидҳо иқдоми зиддиисломии давлат аст?


тақсим кардааст. ҳадафи мақомот танҳо талаби мурооти қонун аз аҳли тақво ва масъулини масоҷид аст ки мегӯянд ки ҷомиаро ба мунаққидони иқдомоти давлат ва онҳое ғайриқонунӣ амал мекунанд ки ба эътиқоди ин ниҳод ҳушдори додситонии вилояти Суғд ба 350 масҷид санҷиши дониши имомхатибони масоҷиди Душанбе

Назорати мақомоти маҳаллӣ бар фаъолиятҳои масоҷид ва соъир фаъолиятҳои мазҳабӣ дар тақрибан ҳама манотиқи Тоҷикистон, ин кишвари умдатан мусалмонӣ афзоиш ёфтааст.
Додситонии вилояти Суғд фаъолияти 350 масҷидро дар ҳудуди ин вилоят ғайриқонунӣ дониста ва ҳушдор додааст, ки онҳоро дар ғайри сурати сабти расмии ном хатари баста шудан таҳдид хоҳад кард. Дар дараи Язғуломи ноҳияи Ванҷ мақомот фаъолияти гурӯҳи мавлавиҳоро аз ҷумла ба ин далел, ки ҳатман ба бар кардани ҳиҷобро аз толибилмони макотиб талаб мекарданд, манъ кардаанд. Мақоомти шаҳри Қӯрғонтеппа аз масъулини 13 масҷид тақозо кардаанд, асноди худро барои санҷиш ба додситонӣ ироа кунанд.
Имоми яке аз масоҷиди Қӯрғонтеппа Қаландар Садриддинов мегӯяд, дар роҳи сабти расмии номи масоҷид садди зиёд эҷод кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз то замони дархости сабти ном масъулини масҷидҳо маҷбуранд аз дасти кам 12 идора – сар карда аз идораи сӯхторнишонӣ ва рафта бо созмони ҳифзи муҳити зист- коғаз ҷамъ кунанд.

Оқои Садриддинов мегӯяд, ӯ барои сабти номи масҷиди худаш 7 моҳро сарф кардааст.
Феълан дар пойтахти Тоҷикистон, ки бино бар бархе оморҳо, беш аз ним миллион ва бар асоси оморҳои дигар, наздики 1 миллион ҷамъият дорад, танҳо 16 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта расман амал мекунад.
Ва ин дар ҳолест, ки ба ҳисоби худи шаҳрдории Душанбе, то ба ин авохир бо қарори руъасои навоҳии пойтахт беш аз 350 масҷид бунёд шудааст, ки акнун шаҳрдорӣ мехоҳад тадқиқ кунад, ки кадоме аз онон ҷавобгӯи мақоми масҷид ҳаст ва кадоме –на.
Мақомот гуфтаанд, имкон дорад бархе аз масоҷиди қаблӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳатто ба сартарошхона ва ё ҳаммом табдил дода шаванд.
Ахиран дар Душанбе дасти кам 2 масҷиди сабтиномнашуда аз сӯи мақомот тахриб карда шуд.
Ба дунболи манъи фаъолият ва тахриби масоҷид дар пнимаи дуввуми моҳи август мақомот маъракаи пурсарусадои санҷиши дониши имомҳои масоҷиди расмиро ҳам ба роҳт андохтанд, ки дар натиҷааш 4 имом аз имтиҳон нагузашт.
Бархе аз раҳбарони маъруфи мазҳабии Тоҷикистон ин иқдомоти мақомотро зиддиисломӣ хонда, аз авоқиби ғайриқобили пешгӯии чунин аъмол ва эҳтимоли бурузи норизоиятҳо дар ҷомиа ҳушдор додаанд.
Ва аммо Фирӯз Умаров, коршиноси умури мазҳабӣ дар маркази таҳқиқоти стротежии назди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи мақомот танҳо дар чаҳорчшӯби қонун даровардани фаъолияти масоҷидест, ки аксаран, ба ақидаи ӯ, дар вақташ ғайриқонунӣ бино шуда, ҳатто одитарин муқарраротро риоя намекунанд.

Дар маҷмӯъ шумори масоҷид дар Тоҷикистонро тақрибан 3 000 ҳадс мезананд, вале мақомот мегӯянд, аксари онон бидуни иҷозаи расмӣ амал мекунанд.
Бархе таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, афзоиши назорати мақомот болои масоҷид ва фаъолияти имом-хатибон бахше аз муборизаи давлат алайҳи тундгароии исломӣ ва алайҳи таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишвар аст.
Вале ба бовари гурӯҳи дигар, мақомот аз ҳар навъ гирдиҳамоии мардум, ҳатто бо ҳадафи адои фаризаҳои динӣ тарс доранд ва мехоҳанд ин тарси худро ҷомаи мубориза бо тундгароии мазҳабӣ пӯшонанд.
XS
SM
MD
LG