Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқ - дар арафаи Рӯзи истиқлол


Қарор аст, ки имрӯз агрегати шумораи 4-и НБО «Помир-1» ба кор дароварда шавад. Дар ин бора раҳбари хадамоти алоқа бо ҷомиъаи Ширкати энергетикии Помир (ШЭП) Маҳдии Лолонӣ хабар медиҳад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки кори ин нерӯгоҳ ҳанӯз 14-уми августи соли равон ҷиҳати тамиз намудани ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва лӯлаи истихроҷии нерӯгоҳ, инчунин бозсозии девораи гилзудо ва корҳои дигари фаннӣ мутаваққиф гардида буд.


Ба гуфтаи Маҳдии Лолонӣ, бакордарории ин агрегати нерӯгоҳ вазъи таъмини истифодабарандагони нерӯи барқро дар шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он хеле беҳтар менамояд.
XS
SM
MD
LG