Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшти хук ва пиво дар "Бозори Буш"-и Кобул


Ҳар субҳ Коко Аҷмали 35 сола ба як қитъаи замине, ки бо панҷара гирдгардон шудааст ва дар назди Қасри раёсатиҷумҳури Афғонистон дар Кобул воқеъ аст, мешитобад, то дӯкони хурдакакашро таги чодари брезентӣ боз кунад. Мисли дигар фурӯшандагон Аҷмал моли тиҷораташро дар анбори бозор, ки таҳти назорати муҳофизони мусаллаҳ аст, шабона захира мекунад. Субҳ молашро ба ин ҷо меорад. То ин ки офтоб заминро гарм мекунад, садҳо ҳамчунин савдогар ин минтақаро пур мекунанд, ки бошандагони Кобул онро Бушбозор меноманд.

Бушбозор дар маркази Кобул сари роҳе ҷойгир аст, ки ба пойгоҳҳои нерӯҳои низомии кишварҳои узви НАТО мебарад. Аҷмал гуфт, бозор бадоҳатан ва ғайрирасмӣ баъди сафари раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ин номро гирифт: «Дар даврони русҳо ҳамин гуна як бозор вуҷуд дошт, ки онро "Бозори Брежнев" мегуфтанд. Ва ҳоло ба монанди ҳамон мардум ин ҷоро "Бoзори Буш" ё "Бушбозор" меноманд"

Аҷмал, ки ҷинси кабуд ва як беостини низомӣ дар тан дорад, мегӯяд, Бушбозор манбаъи таъмини рӯзгори даҳҳо савдогар баъди суқути режими Толибон шудааст. "Ин ҷо як макони мурдор буд. Мардум ин ҷоро тоза карданду ин бозорро боз карданд. Он вақт шояд 20 нафар будем"

Каримуллоҳ, як марди қаддарози 50 сола, ки ба сар салла дорад ва ба торҳои ришаш сафедӣ задааст, фурӯшандаи Бушбозор аст. Вай гуфт, аксари моли савдояшро аз кормандони маҳаллии пойгоҳии ҳавоии Багром воқеъ дар шимоли Кобул ё дигар пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дастрас мекунад: "Амрикоиҳо, олмониҳо, ҳар касе ки ҳаст, ба ҳамон тарҷумонҳое, ки ҳамроҳашон ҳастанд, тӯҳфа медиҳанд ё ба дигар мардуми маҳаллӣ. Баъзеи онҳо ин гуна чизҳоро намехӯранду ба ин бозор меоранд"

Кормандони созмонҳои мустақили хориҷӣ ба Радиои Озодӣ шикоят аз он карданд, ки кӯмакҳои башардӯстонаи ба кишвар ворид кардаашон баъди 24 соат дар бозорҳо пайдо мешаванд ва гумон меравад, онҳое, ки бо молҳои хориҷӣ савдо мекунанд, робита бо бозори сиёҳи Афғонистон дошта бошанд. Аммо дар аксари маворид бастаҳои хӯрокае, ки дар Бушбозор савдо мешаванд, ба мӯҳлати истифодаашон марбут аст, яъне эҳтимол меравад онҳоро аз ягон партовгоҳ ва ё сарбозони хориҷӣ гирифтаанд. Каримуллоҳ мегӯяд, мақомоти Афғонистон бозорро ба хотири ошкор намудани ҳамчунин мавод тафтиш кардаанд:

"Моли ин ҷо хеле арзон аст. Қаблан маводеро низ меоварданд, ки мӯҳлати истифодаашон гузашта буд. Аммо идораи сиҳати оммаи шаҳрдории Кобул ин гуна маводро ошкор карда, аз фурӯш хориҷ кард ва ҳоло ҳам пайваста тафтиш мекунад."

Қонунҳои Афғонистон ба мусалмонон харидории машруботро манъ кардааст. Аммо гоҳҳо пивое, ки аз пойгоҳҳои низомӣ ва ё мағозаҳо барои хориҷиён дарёфт шудааст, дар Бушбозор ба чашм мехӯрад. Ва ҳамин тавр, Бушбозор ягона ҷоест, ки сокини Кобул метавонад моли Ғарбро харидорӣ кунад. Як харидор:

"Номи ман Зилгай аст. Ман ба Бушбозор барои харид омадаам. Ман ҳамеша ин ҷо меоям, ду ё се бор дар ҳафта. Ман гӯшт мехарам. Шумо ин ҷо метавонед гӯшти хеле хуб пайдо кунед, пур аз протеину энержӣ. Мӯҳлати истифодааш ҳам нагузаштаву сифаташ ҳам хуб аст"

Варзишгарон ба Бушбозор аз Ҳироту Қандаҳор ҳам меоянд, то барои хезондани мушакҳояшон протеин харидорӣ кунанд. Собуну олоти ришгирӣ ва ҳатто шампунҳои махсус, ки бояд бо дастури духтурон истифода шаванд, ин ҷо ба чашм мехӯранд. Каримуллоҳ мегӯяд, ӯ мардумро аз хӯрокае, ки гӯшти хук дорад, огоҳ мекунад. Аммо ӯ мегӯяд, баъзан суханони ӯ ба харидор кора намекунад: "Гӯшти хук ҳам мефурӯшем. Мардуми мову шумо ин гӯштро намехӯрад, аммо барои сагҳояшон мехаранд. Хориҷиҳо ҳам мехаранд"

Аммо аксари моле, ки дар Бушбозор фурӯхта мешавад, барои мусалмонон мамнӯъ нест. Аз ин хотир, Бушбозор боз афғонҳо ва хориҷиёнро барои чашидани маззаи Ғарб ба сӯйи худ мекашад.
XS
SM
MD
LG