Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ширкати укроинӣ рад шуд


рҳ

Шикояти ширкати «ЗУСК», намояндаи ширкати укроинии «Nemiroff» дар Тоҷикистонро Додгоҳи олии иқтисодии ин кишвар бетағйир гузоштааст.


Баҳси миёни ширкати «Nemiroff» ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон ду сол ба ин сӯ идома дорад. Хадамоти гумруки шаҳри Душанбе соли 2006 аз ширкати «ЗУСК» талаб кардааст, то барои маҳсулоти ворида ба Тоҷикистон, ки аз анвоъи мухталифи машрубот иборат аст, боҷи гумрукӣ пардохт намояд. Ва аммо ширкати украинӣ далел пеш овардааст, ки тибқи қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Украина аз соли 2001, барои гардиши молу коло дар ҳудуди ин ду кишвар пардохти боҷи гумрукӣ пешбинӣ намешавад.


Қаблан, Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ин баҳсро бар суди ширкати украинӣ анҷом дода буд. Аммо Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дигарбора баҳсро ба нафъи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳал кард.
XS
SM
MD
LG