Пайвандҳои дастрасӣ

Акнун 450 хонаводаи Зайнабобод куҷо равад?


ноҳияи Рӯдакӣ Беш аз 400 хонаводаи деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари тахриб шудани манзили зисташон аз тарафи мақомоти ин ноҳия ночор монда, онро як амали нодуруст ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ мешуморанд.

Вақте ба ҷои ҳодиса омадем, сокинони ин минтақа огоҳиномаи ҳукумати ноҳияро дар даст доштанд, ки бар тибқи он бояд то рӯзи истиқлоли кишвар, яъне 9-уми сентябр, манзили худро тарк кунанд. Аммо як сокини деҳаи Зайнабобод, ки рӯзи 1-уми сентябр хонаи нимасохти ӯро милисаҳои маҳаллӣ бо дастури ҳукумат чаппагардон кардаанд, ба ҳеч ваҷҳ замини худро тарк карданӣ нест. Вай мегӯяд, замини наздиҳавлигии худро дар асоси қарори раиси собиқи ҷамоат ва бо мусоидати идораи замини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гирифтааст. Ба қавли ӯ, шавҳараш 4 сол бад-ин сӯ дар Русия мардикорӣ мекунад ва онҳо дигар имкони бунёди хонаеро надоранд: «Бегоҳӣ девори хонаамро тахриб намуданд. Милисаҳо ҳамчунин гуфтанд, ки бояд дар инҷо манзили истиқоматӣ бунёд накунем, зеро ҳукумат манъ кардааст...»

Аммо қиссаи огоҳинома гирифтани сокинони ин минтақа ва ғайриқонунӣ будани ин қитъаи замин аз куҷо маншаъ мегирад? Мақомоти маҳаллии Зайнабобод мегӯянд, додситонии кулл моҳи июни соли ҷорӣ, баъд аз санҷиши ин қитъаи замин, ки дар Шӯравии собиқ ба корхонаи паррандапарварӣ тааллуқ дошт, истифодаи онро аз ҷониби сокинон ғайриқонунӣ хондааст.

Майрам Юсуфова, маъмури деҳаи Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин қитъаи замини бекорхобида солҳои 2003 - 2005 аз ҷониби раиси корхонаи «Паррандапарвар» ғайриқонунӣ ва бидуни асноду муҳри ҳукумати ноҳия ба мардум дода шудааст: «Як қисми замини атрофи корхонаи паррандапарвариро қонунӣ, яъне дар асоси қарори раиси ноҳия додаанд. Вале баъзе аз қитъаҳои заминро, ки ғайрикишоварзӣ ҳастанд, маъмурияти корхонаи паррандапарварӣ бе иҷозаи мақомоти маҳаллӣ барои сохтмони хонаҳо тақсим кардааст. Маънии амри додситонии кулл ва қарори раиси ноҳия низ ин аст, ки бояд ин заминҳои ғайриқонунӣ дигарбора ба ҳукумат баргардонида шавад».

Хонум Майрам Юсуфова ҳамчунин мегӯяд, бо ин ҳама, ҳанӯз ҳукумати ноҳия тасмим нагирифтааст, ки оё ба ин шаҳрвандон аз ҷои дигаре барои сохтмони хонаҳояшон қитъаҳои замин ҷудо хоҳад кард ё на.

Вале сокинони минтақаи Зайнабобод мегӯянд, онҳо аксаран аз қишри камбизоати аҳолиянд, ки қаблан дар Душанбе иҷоранишин будаанд, ё дар хобгоҳҳои мухталиф ба сар бурдаанд. Онҳо ахиран бо ирсоли як нома аз давлати Тоҷикистон низ хостаанд, то ба мушкили онҳо расидагӣ шавад. Мақомоти Тоҷикистон оё номаи ин гурӯҳи мардуми заҳматдидаро мавриди таҳқиқ қарор хоҳанд дод ё на - ҳанӯз норавшан боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, то имрӯз баъзе аз сокинони ин минтақа баъд аз гирифтани огоҳинома гирифтори сактаи қалб ва фишори баланди хунӣ шудаанд. Мусоато Сайфуллоев, як сокини бознишастаи Зайнабобод, ва гурӯҳе аз занони ин минтақа ҳамакнун дар изтиробанд, ки, агар бо фарзандони кӯчаки худ бесарпаноҳ бимонанд, чи хоҳанд кард: «Чи гуна барои тахриби 450 манзили истиқоматӣ иҷоза медиҳанд? Моро ба додситонии кулл низ даъват карданд. Асноди замини худро ба онҳо нишон додем. Охир, ин хонаро бо кумаки фарзандони кӯчаки худ бунёд кардаам, чи хел мешавад, ки акнун онро вайрона бубинам? Аз хонаву дар надоштани мо ба давлат чи нафъе ҳаст? Аз ин беадолатиҳо ба кӣ арзу дод кунем?»

«Панҷ сол шуд, ки ин заминро гирифтаам. То ин муддат ҳеч кас ҳеч чиз нагуфта буд. Вақте хонаи худро сохта обод кардам, омада гуфтанд, ки онро вайрон кунам. Ман хонаи бисёр ва пуршукӯҳ надорам. Дар як хонаи камбағалонаам ҳамроҳи се келин зиндагӣ дорам. Мо чи кор кунем?»

«Ин заминро бо пул харидаам. Барои ман ҳуҷҷати заминро ҳам омода карда дода буданд. Магар ҳамаи ин аснод ғайриқонуниву нодурустанд? Бо ин ҳама, ҳеч вақт намегузорам, ки хонаи истиқоматии маро тахриб кунанд».

Ин дар ҳолест, ки коршиносони умури ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар сурати берун кардани мардум аз хонаҳояшон, ҳукумати ноҳияи Рӯдакиро зарур меояд, то бар асоси қавонини кишвар арзиши манозили шаҳрвандонро муқаррар ва ба онҳо маблағи онро бидиҳад, ё дар ҷои дигар манзилҳои истиқоматӣ сохта, шаҳрвандонро ба онҷо бикӯчонад.
XS
SM
MD
LG