Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо дар ҷануби Афғонистон


Сарбозони Афғонистон ҳамроҳ бо қувваҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар дар даргириҳо дар вилоёти ҷанубии мамлакат тақрибан 30 нафар аз ҷангҷӯёни Толибонро ба ҳалокат расонидаанд.


Низомиёни амрикоӣ эълом карданд, ки дар задухӯрдҳои алоҳида дар вилояти Қандаҳор 20 нафар ҷангандаи Толибонро куштанд.


Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти нерӯҳои эътилофии байнулмилалӣ иттилоъ медиҳанд, ки аз ҷониби онҳо 10 шахси мазнун ба узвияти Толибонро ҳангоми ҳамлаашон ба як посгоҳи амниятӣ дар вилояти Урузгон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG