Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳои мухталиф ба сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон


Абдуғаффор Раҳмонов, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Тоҷикистон, гуфт, дар пайи талошҳои пайгирона ва зимни иҷрои барномаҳои фақрзудоӣ, бино бар нишондодҳои рушди иқтисодӣ мизони фақр дар кишвар то 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Оқои Раҳмонов гуфт, гурӯҳе иборат аз намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомиъаи шаҳрвандӣ саргами таҳияи гузориш роҷеъ ба мизони фақр дар Тоҷикистон мебошанд ва то чанд ҳафтаи дигар мизони дақиқтари камбизоатиро ироъа хоҳанд кард.

Барномаи давлатии коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати ҳукумати кишавар ва пуштибонии молии ниҳодҳои байнулмилалии мол, аз ҷумла Бокни ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнуалмилалии пул, амалӣ мешавад. То кунун ду марҳила аз ин барнома бо зарфияти бештар аз 300 миллион доллар иҷро шудааст.

Муовини вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон рушди иқтисодии кишварро 9 дарсад арзёбӣ кард. Аммо коршиносони мустақил ба рушди нуҳдарсадии иқтисоди кишвар бо назари шубҳа менигаранд. Ба ақидаи Абдуҷаббор, як коршиноси иқтисодӣ, бино бар буҳрони шадиди энержие, ки дар тулии моҳҳои ноябр - апрел дар кишвар ҳукмрон буд ва бар асари он аксари корхонаҳо аз фаъолият монданд, имкони рушди 9-дарсадӣ аз имкон хориҷ аст.

Ин гурӯҳ аз коршиносон ҳамчунин мегӯянд, дар соли равон навасони таваррум то 6 дарсад пешбинӣ шуда буд, вале дар воқеъ 12 дарсадро ташкил додааст. Ва ин мизони таваррум даромади мардумро фурӯ бурдаву имкони коҳиши камбизоатии хонаводаҳоро низ аз миён мебарад.

Дар ҳар сурат, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тибқи барноме, ки таҳия кардаанд то соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар кишварро 30 дарсад коҳиш хоҳанд дод. Дар ҳоле, ки коршинсони мустақил бар ин барнома хушбинона назар мекунанд, вале ҳамоно онро камтар воқеъӣ медоданд ва мегӯянд, барои даст ёфтан ба ин барнома лозим аст рушди иқтисодро аз 18 то 20 дарсад таъмин кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба назари коршинсон, рушди воқеъии иқтисод дар Тоҷикистон ҳудуди 4 дарсадро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG