Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Узбакистон


Даҳҳо нафар аз деҳи Янгиараб ба суи маркази ноҳияи Олтиариқ раҳпаймоӣ карданд ва то ба назди бинои ҳукумати ин маҳал расиданд. Абдусалом Эргашев, яке аз фаъолини ҳуқуқи башар аз Фарғона мегуяд, мақомоти маҳаллӣ бо ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ мулоқот карданд, онҳоро ором кунониданд ва ба Олтиариқ пас фиристоданд.

Дар бораи нооромиҳо дар қисматҳои дигари шарқи Узбакистон низ гузориш дода мешавад. Як сафҳаи интернетии мустақил бо номи "Uzmetrоnom.com" навиштааст, дар шаҳрҳои Андиҷону Намангон ва Фарғонаи водии Фарғона тазоҳуроти бузургтар баргузор шудааст.

Дар бораи даргириҳои ҷиддии миёни нируҳои амниятӣ ва тазоҳуркунандагон дар шаҳри Андиҷон, дар Тошканд сару садоҳо пахш шудааст. Аммо ин гузоришҳо таъйид нашудааст. Хабарнигорони радиои Озодӣ чанд дафъа хостанд дар ин бора маълумоти дақиқ ба даст оранд, вале сокинон аз додани маълумот худдорӣ мекунанд. Дар бораи ин нооромиҳои водии Фарғона дар матбуъоти маҳаллӣ низ хабаре чоп накардаанд.

Аммо дар нимаи моҳи август ҳангоме, ки дар бораи душвориҳои мардуми Андиҷон сару садоҳо пахш шуд, яке аз шабакаҳои телвизюни давлатӣ филми мустанадеро ба мардум пешкаш кард. Дар ин филм аҳолии маҳал хушбахту ором нишон дода шуданд.

Яке дигар аз сафҳаҳои интернетӣ бо номи "Ferghana.ru" рузи сешанбе навишт , ки мақомоти давлатӣ 5-уми сентябр дар шаҳри Марғелони водии Фарғона қуюди шабгардӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳамин сафҳаи интернетӣ аз қавли фаъолони ҳуқуқи башари маҳаллӣ навиштааст, ки дар ҳафтаҳои ахир дар Марғелон нооромӣ ба вуқуъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ки мардум аз тасмими мақомоти интизомӣ дар бораи истифода накардани мошинҳои куҳнаи навъи Жигулӣ ва Запорожеси Русия низ ба ғазаб омадаанд. Мақомот гуфтаанд, чунин мошинҳо ба стандартҳои техникӣ ҷавоб намедиҳанд. Аммо фаъолони ҳуқуқи башари Фарғона мегуянд, ки дар паси чунин тасмим масъалаи дигаре пинҳон аст ва ҳамон масали "Зери коса нимкоса"-ро ба ёд меорад. Яъне мақомоти водии Фарғона мехоҳанд бештар мошинҳое ба фуруш раванд, ки дар водии Фарғона тавлид мешаванд. Дар ин водӣ корхонаи муштараки Узбакистону Курёи Ҷанубӣ бо номи Уз Деу мошин тавлид мекунад, ки бино ба гаронии нарх барои бисёре аз аҳолии Узбакистон дастнорас аст. Масалан, мошини Нексия 15 ҳазор доллар нарх дорад, дар ҳоле, ки моҳонаи ҳади ақали аҳолӣ 12 доллар аст.

Сафҳаи интернетии "Uzmetrоnom.com" ҳамчунин рузи сешанбе хабар додааст, ки дар охири ин ҳафта, яъне рузҳои 7-8-уми сентябр Ислом Каримов-раиси ҷумҳур аз Марғелон боздид ва дар дуҳазорумин солгарди ин шаҳр ширкат мекунад. Ба навиштаи ин сафҳаи интернетӣ, боздиди Каримов зери тадобири шадиди амниятӣ анҷом хоҳад гирифт. Сергей Ежков-гардонандаи сафҳаи интернетии "Uzmetronom.com" мегуяд, мардум дар саросари Узбакистон аз боло рафтани нархҳо ва музди ночиз норизоянд.

Ҳоло як кило орд як ҳазору дусад суми узбакӣ, яъне тақрибан як доллар аст, яъне бо моҳонаи ҳадди ақал, ки 12 доллар аст, танҳо 12 ё 13 кило орд метавон харидорӣ кард.
XS
SM
MD
LG