Пайвандҳои дастрасӣ

Феҳрасти тарси муҳоҷирони кории тоҷик


Дар робита ба ин назархоҳӣ Радиои Озодӣ бо Александр Музаффаров - раҳбари шӯъбаи пажӯҳиши афкори иҷтимоӣ ва сиёсии муассисаи "Бошқирова ва ҳамкоронаш" гуфтугӯе дошт ва аз ӯ хост, роҷеъ ба ин пурсиши афкори умуми муҳоҷирони тоҷик тафсилоти бештар бидиҳад.


Александ Музаффаров: "Мо аз муҳоҷирон пурсидем, ки оё бо шумо ва ё аъзои хонаводаи шумо дар Русия ноҳурматӣ шудааст ва агар шудааст, пас чӣ гуна? Мо чунин натиҷа гирифтем, ки фақат аз чаҳор як дарсади онҳо ба қавле таъми ноҳурматиро начашидаанд. Аммо беш аз ними муҳоҷирон гуфтанд, ки барои онҳо асосан мақомоти сохторҳои давлатии Русия мушкил меофаранд, аз ҷумла хадамоти муҳоҷират, милисаҳо, мансабдорон ва ғайраҳо. Ва тақрибан ними дигар, яъне 48 фоизи муҳоҷиронро кордиҳандаҳо фиреб кардаанд, ё пулашонро надодаанд ва ё қонуни корро риоят накардаанд."


Радиои Озодӣ: Аммо дар робита ба гурӯҳҳои миллатгаро чӣ. Муҳоҷирони тоҷик, ки мегӯянд, ҷабри гурӯҳҳои миллатгароро зиёд мекашанд, дар феҳрасти мояҳои тарси худ он гурӯҳҳоро дар кадом зина қарор доранд?


Александ Музаффаров: "Танҳо 17 дар сад аз унсурҳои миллатгаро таҳдид дидаанд ва 11 дар сад гуфтаанд, ки мавриди латукӯб ва дигар навъи озори ҷисмонӣ қарор гирифтаанд.
Ба ҳамин тартиб, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки муҳоҷирони кории тоҷик асосан ҳангоми бархӯрд бо мақомоти давлатии Русия ва кордиҳандаҳои эшон гирифтори мушкилот мешаванд. Ин натиҷа гуяндаи он аст, ки танзими фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар сатҳи пасте қарор дорад."



Радиои Озодӣ: Вале ин пажӯҳиши афкори умуми муҳоҷирони тоҷик ба кадом хотир анҷом шуд, бо дархости ягон муассисаи Тоҷикистон, ё мустақилона?


Александр Музаффаров: "Яке аз мушкилоти аслии Русия, ки дар натиҷаҳои таҳқиқи афкори умум аён шудааст, ин мушкили муҳоҷирони корӣ аст. Ва ин масъала мояи изтироби ҷомеаи Русия аст ва аз чанд ҷиҳат. Аз ҷумла ба мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон, муносиботи байниқавмӣ иртибот мегирад, ва ҳамчунин он ки гӯё муҳоҷирон ҷойҳои кориро аз худ карда ва авзои бозори кории Русияро бад месозанд. Яъне ин масъала барои ҷомеаи Русия бисёр мубрам аст ва мо хостем ин масъаларо аз дигар назар таҳқиқ кунем, яъне аз зовияи назари худи муҳоҷирони кории тоҷик."


Радиои Озодӣ: Ба андешаи шумо оё натиҷаҳои ин пурсиши афкори умуми муҳоҷирони тоҷик, ба сиёсати муҳоҷиратии давлати Русия, ки зиёд танқид мешавад ва ё ҳамчунин тағйири афкори манфӣ нисбат ба муҳоҷирон таъсир мегузорад?


Александр Музаффаров: "Ба фикри мо натиҷаҳои ин таҳқиқот бешак то андозае ба инобат гирифта мешаванд. Ҳадди аққал умед дорем, ки сохторҳои давлатии Русия ва матбуот ҳангоми инъикоси масъалаи муҳоҷират онро ба инобат мегиранд. Зеро метавон гуфт, ки ҳоло дар Русия на танҳо дар робита ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон камбудиҳо вуҷуд доранд, балки инъикоси мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар матбуот низ беайб нест. Таври маълум матбуоти Русия масъалаи муҳоҷиронро ҳамеша дар иртибот бо ҷинояткорӣ ва ё муносиботи байниқавмӣ инъикос мекунад. Аммо тавре пажӯҳиши мо нишон дод, мушкилоти асосӣ дар дигар бахшҳоянд, ки шояд ба таври нокофӣ инъикос шудаанд."

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG