Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд китобфурӯшонро ҳабс карданд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ахиран ду корманди собиқи бахши молияи идораи маорифи вилояти Суғдро бо ҷурми фурӯши китобҳои дарсии тавассути кумакҳои башардӯстона воридшуда ва аз худ кардани маблағҳои он ба муҳлатҳои зиёд ба ҳабс маҳкум кард.


Исо Таваккалов, додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва раиси мурофиаи парвандаи ин қазия, гуфт, додгоҳ ва Ғаффор Олимов, нозири оид ба китоб дар идораи маорифи Суғд, ва собиқ мудири анбори ин идора Ҳошим Шарифовро, мутобиқи ду банди Асноди ҷиноии Тоҷикистон, барои тасарруфи амволи ғайр ва тақаллубкории хизматӣ гунаҳкор дониста, онҳоро мутобиқан 8 солу 8 моҳ ва 9 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум намуд. Акнун ин ду ҷинояткор дар зиндони сахт низом, муҳлати ҷазоро адо хоҳанд кард ва баъди он боз 4 соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои молиявӣ маҳрум хоҳанд буд.


Гуфта мешавад, маҳкумшудагон дар давраи аз моҳи сентябри соли 2002 то моҳи апрели 2006 бо роҳҳои ғайриқонунӣ беш аз 23 000 китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимиро ба ҳаҷми 62 000 фурӯхта, маблағи онро аз худ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, маҳкумшудагон бо ирсоли шикоят ба Додгоҳи олии кишвар бозбинии парвандаро тақозо кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG