Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соиб Ҷӯраев - барандаи Ҷоми Истиқлолият


Ин мусобиқот аз рӯи манзумаи олимпӣ бо ширкати 32 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Душанбе тӯли се рӯз идома кард.

Соиб Ҷӯраеви ҳабдаҳсола дар чаҳор бозии ниҳоӣ бар шатранҷбози пуртаҷриба Рашид Ҳусейнов, қаҳрамони секаратаи шоҳмоти Тоҷикистон бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард.

Чаҳор даста - муддаъиёни Ҷоми ҷаҳонии футбол

Чаҳор дастаи мунтахаби футболи наврасон - Испаниё, Гана, Нигерия ва Олмон ба марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ миёни футболбозони зери ҳабдаҳсола, ки дар Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.


Испаниё дар бозии чаҳорякниҳоӣ бар Фаронса аз рӯи пенолти бо натиҷаи 5 бар 4 пирӯз шуд. Гана дар бар Перу ва Нигерия бар Аргентина бо натиҷаи якхелаи 2 бар 0 ғолиб омаданд. Олмон Инглистонро бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст дод.

Бад-ин тартиб барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон-2007 ду дастаӣ аз қораҳои Аврупову Африқо талош меварзанд. Нахуст рӯзи чоршанбеи панҷуми сентябр дар бозии аввали ниманиҳоӣ дар шаҳри Улсан Испаниё ва Гана рақобат мекунанд. Бозии дуввуми ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбеи шашуми сентябр дар шаҳри Сувон миёни тимҳои Нигерия ва Олмон баргузор мегардад. Ҳарду бозӣ соати 15 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Аз миёни чаҳор дастае, ки феълан ба нимфинал баромадаанд, Гана ва Нигерия имкон доранд, барои севвумин бор, Испаниё ва Олмон барои аввалин бор барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони зери ҳабдаҳсола шаванд.
XS
SM
MD
LG