Пайвандҳои дастрасӣ

Ду эронӣ аз Тоҷикистон паноҳандагӣ хостанд


Ду шаҳрванди Эрон баъд аз раҳоӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд.


Мирмаҳдии Мусавӣ ва Асади Ҳайдарӣ, ду шаҳрванди эронии дар Тоҷикистон муҷозотшуда, баъд аз раҳоиашон аз зиндон аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, онҳоро ба Эрон надиҳанд, зеро, ба гуфтаи эшон, ҳаёти онҳо дар он ҷо зери хатар қарор мегирад. Ба қавли ин ду эронӣ, бино бар иштироки онҳо дар ҳаракатҳои сиёсии Эрон ва мансубияташон ба масеҳият хатари дар ватанашон муҷозот шудан ва ҳатто ба қатл маҳкум шуданашон таҳдид мекунад.


Вале дар ҳамин ҳол, як масъули сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ин иддаъоро такзиб кард ва гуфт, ки ин ду эронӣ дар ватан ишколи ҷиноӣ доранд, то сиёсӣ ва мазҳабӣ.
XS
SM
MD
LG