Пайвандҳои дастрасӣ

Соли нави хониш


Асалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Ман яке аз хоанадагони ин сайтам, ки ҳар рӯз онро мехонам. Ва инак бори аввал бар Шумо менависам. Вақте гап сари мактабу маориф меравад, бовар кунед, чи гуфтану чи навиштанамро намедонам.

Дар хақиқат имрӯзҳо ҳам музди муаллимони мо кам асту боз гуфтание, ки «Ҳам лаъл ба даст орему ҳам...» гуфтаанд, ки маоши муаллимон бардошта шуд, ҳаминро гуфтаниам, ки «Аз риш гирифтаву дар мӯйлаб пайванд карда шуда барин». Баъди баланд бардоштани ин маош ман аз мактаби миёна рафтаааму имрӯз дар фикри гирифтани чиптаи ҳавопаймоям.

Аминуллоҳ аз шаҳри Кӯлоб.
--------------------------------------

Дуруд ба хамватанони азизам!
Бо маблаги ночиз хеч гох талим дар макотиби оливу мийонаи чумхур бех нахохад шуд. Ба гумони ман реша давондани дарахти корупсия дар макотиби олии чумхур аз кам пардохтани маблаги муаллимон аз тарафи хукумат маншаъ мегирад. Ба хар хол соли нави хонишро ба хамаи хамватанонам шодбош гуфта ин абйотро барояшон мегуям.
Эй булбулакони боги дониш
шодона таронахо муборак
Боз омадааст фасли хониш
шодона таронахо муборак.

Бо эхтиром, АБДУКОДИР.
________________________


Salom barodaron,
Gap, ki az rishvakhuri dar sistemai maorif raft, biyoed rohi peshgiriftani onro ham to yoftani rohi kushodani in girehro bahs kunem.
Ba fikram sababi rishvakhuri az bolo joigir (man dar oyanda bo izhori rusho ''literalno'' bayon mekunam fikrro) shudaast. Az bolo, ki sardori poyontarro ba mansab ta'in mekunand, va az on poyontarro andak bolotarashon muayan mekunand, har yak poyontar buda ba bolotari nazdiktarinash bo tarzi samimi va yo majburi minnatdor bojad boshad. Va in minnatdori bo tarzi hal kardani ''on tarafi mas'ala zindagi'' ijro meshavad. Inro mo hama medonem.
Vale chi boyad kard ki dar oyanda ham sadho hazor muttakhasisioni ''Diplomdori'' mo ba Russiya khonasozu savdogari qatori shudanro davom nadihand...???
------------------------------------


Salom, hamshahriho!
Ba shumoyon izhor doram, fikratonro gued.
Ba pisaram az maktabash farmudand, ki kitobi zaboni modari baroi sinfi 2 biyorad. Imruz tamomi maghozahoro koftam, jak nuskha yoft shud. Kharida ovardam, ki pisar guft inashro ne digarshro boyad meovarded. Kadomashro?
Hamonashro, ki rangi surkh dorad va rui muqovaash yak dukhtarak khob raftaast...(!?)
Khubtar pursujui kardam, maalum shud ki az in kitob dar tabiat jak chand variant budaast.
Hammashro dar Tojikiston naschrijahoi mahalli chop kardaand. Khub ast in ki aqallo pul ba khorija nameravad.
Nokhubash on ki az didani rui in kitob ta'baton khira meshavad. Dar har kitob (muqovaash boshukuh boshad ham) - chopash yakrang, kharfhoyash khurd, jismi matn nihoyat zich joigir ast. Kitobhoi soli khonishi yakumro agar bo kitobhoi soli duvvum muqousa kunem, kas hamono his mekunad ki baroi kudak baroi odat kardan ba in kitobi (sinfi2) mushkil meshavad, dilkhunuki, norozigi, nokhohishiashro nisbati darsomuzi meafzoyad.
Odatan dar ravandi sokhtani kitobi kudakona guruhi muttakhasison, pedagogho, psikhologhoi kudakon boyad shirkat varzand, hangomi oroishu joiguzorii matn rassom yo disaineri estetika va qulay budani jismi kitobro baroi istifodai kudak ba inobat girand. Masalan kitobi Zaboni modari (2) soli nashrash 2007, miyonaqadi khub ast, lekin ozod dar holati kushoda nameistad, kas boyad doim onro doshta istad. Vase'tar kushoyam gued darrida sahifahoyash az ham judo meshavand...
Nakhod kudak hagomi darskuni jak dastro rui kitob boyad doshta istad? Injo ki kor kardaast? Agar mutakhasis boshad, korash khom baromad...
Ba STANDARTI muajan mufofiq kunonidani kitobkho ba uhdai ki boshad? Ojo dar in vatan jagon chunin standart va nazorati ijroishi on vujud dorad?
Farsandoni mo boyad az in maskharabozi to ba kai ranj barand?
Okhir olami donish baroi kudak ragorangu ravshan boyad boshad na tiravu yakrang.
Khullasi gap fikri shumoho chist?

P.S: Tuli rafhoi kitobu daftar megashtamu mahsuloti darsii ba zaboni rusi choshudaro bo kollegahoi tojikiyash muqoisa mekardam. Ba zammi hissiyoti afsus dar vujud khohishe omad ki pisaramro az maktabi tojiki giram to ki bo berangii olami khonish vatani sarashro garang nakunam. Ba khud guftam biyo pisar ba khorija meravem, onjo bui ma'rifat holo nest...
__________________________



Имруз тахсил дар бештари макотиби оли ба таври шартномави сурат мегирад, агарчи гуруххои бучави низ хастанд вале шартномавихо ба маротиб аз бучавихо зиёданд ва киммати шартнома чунон баланд аст, ки донишчу пас аз гирифтани диплом бо чунин маоше ки дар Точикистон аст мачбур аст ки 6 - 7 сол кор кунад ва маоши гирифтаашро танхо барои баргардонидани карзхое ки барои тахсил гирифтааст бозпас дихад (агар чи аз хисоби волидайн хам тахсил карда бошад ин карз хисоб мешавад ва бояд ин маблагро ба волидайн баргардонад)
Роххои ба зуди ба даст овардани маблаги сарфшуда барои тахсил:
-хангоми ба кор рафтан ин танхо бо рохи ришва аст
Пас бо чунин шартномахои донишгохи мо танхо ришвадеху ришваситон таёр мекунему халос.Ин гуфтахо ба баъзе аз макотиби тахсилоти хамагони низ тааллук дорад
--------------------------------

Mo hamai javononro ba khondanhoi khub va myvafaqaiytho dar khonishashon boz mekhonem
soli khonish muborak
Tojik
______________________


Албатта, хуб нест! Мисол, дар худи ҳамин рӯзи 1-уми сентябр дар рӯбарӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон тахминан 20 - 30 нафар бачаҳои мактабхон бо ҳамдигар ҷанг карда, муштзанӣ карданд. Милисаҳо наомаданд ва аз вазорат ҳам касе набаромад. Боз гуфтанд, ки дар ин рӯз дар ҳамаи мактабҳо дарси сулҳ гузаштаанд.

Таълим ҳам хуб нест, чунки аксарият бесаводанд. Як хелашон ҳатто номашонро бехато навишта наметавонанд, лекин то синфи 11 аз синф ба синф мегузаранд ва мактабро ҳам тамом мекунанд.

Масъалаи дигар маоши кам хеле кам гирифтани муаллимон аст. Аз ҳамин сабаб ҳам онҳо дарси дуруст намедиҳанд. Охир, худатон як фикр кунед, ки бо маоши 60-70 сомонӣ кӣ ҳалол ва аз таҳти дил кор мекунад? Ку, ҳамин оқои вазири маориф муҳтарам А. Раҳмонов рафта дар ягон мактаб бо ҳамин маош кор кунад, бинем чи. Харгиз кор намекунад. Боз бечора муаллимонро мегӯяд, ки хуб кор кунед ва шогирдонро саводи дуруст диҳед.

Ба ақидаи ман, бояд маоши муаллимон на камтар аз 800-900 сомонӣ бошад. Ана он вақт аз онҳо дуруст дарсу таълим доданро талаб кардан мумкин аст, лекин на ҳозир.

Бо салом ва эҳтироми зиёд Сайдалӣ аз шаҳри Душанбе.
______________________


Salom ba hamai khonandagoni giromi
Mаn ba hamai javonon tahsili bo barakat va dar darshoyashon myvaffaqiyatho orzu doram
Soli khonish ba hamai khonandagon muborak!
____________________________


Соли нави хониш ва истиқлоли кишварро ба ҳамагон табрик гуфта умеди дониш ва рушди тозаро хоҳонам.
Вазъи таълиму тарбия то ҳол дар зинаи ибтидоӣ қарордошта то ҳол барои талабагон ва устодон шароит ва имконот васеътар фароҳам нашудааст. Ба ҳар ҳол умед дорем, ин соли хониш, ки ба соли Румӣ баробар аст, аз рӯҳи Мавлоно илҳоми тозае барои кишварамон биёварад.
Бо эҳтиром, Мирсаид. забоншиноси Точикистон
---------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG