Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ҳама гаравгонҳоро озод карданд


Их

Ахиран аз асорати Толибон 19 гаравгони ахири куриёӣ озод гардиданд. Раҳбарияти Толибон изҳор намуд, ки раҳоии куреиҳо танҳо иродаи мусолиматомези онҳо будааст.


Имрӯз ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар ҷавоб ба овозаҳо таъкид кард, ки барои раҳоии 19 гаравгон аз дасти Толибон чизе надодааст. Сухангӯи ҳукумати Кореяи ҷанубӣ гуфт, ки ҳеҷ созиши пинҳонӣ бо Толибон баста нашудааст.


Мақомоти Сеул тасдиқ намуданд, ки то охири сол 200 сарбози куреии мустақар дар Афғонистон аз ин кишвар берун хоҳанд шуд. Вале, ба гуфтаи онҳо, ин қарор қабл аз гаравгонгирӣ қабул шуда буд. Кореяи ҷанубӣ ҳамчунин ваъда додааст, ки аз ин ба баъд ба Афғонистон мубашширини насрониро ирсол нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG