Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суғд: хароб кардани масоҷид шарт нест


Хучанд Маъсуми Мухаммадрачаб Додситонии Суғд эълом дошт, ки беш аз 350 масҷид дар саросари Суғд бе иҷозаномаи истифодаи замин ва теъдоде ҳам бидуни сабти номи расмӣ фаъолият мебаранд.

Таваккал Файзуллоев, сарёвари додситони Суғд, ин нуктаро субҳи рӯзи ҷумъаи 31 август дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи додситонӣ дар ҳузури намояндагони ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳру навоҳӣ ва теъдоде аз имом-хатибону раисони шӯрои уламои вилоят ва хабарнигорон изҳор дошт. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки тақрибан дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд бархе аз масоҷид бе доштани иҷозаномаи истифодаи замин ва нақзи қонун дар ин маврид фаъолият мебаранд: «Масалан, дар шаҳри Хуҷанд - 6 масҷиди панҷвақта, дар Бобоҷон Ғафуров 2 масҷид, дар Истаравшан - 11, дар Айнӣ - 40, дар Шаҳристон - 1 масҷиди ҷомеъ ва масоҷиди панҷвақтаи тобеъи он, умуман зиёда аз 350 масҷиди Суғд, иҷозаномаи ҳаққи истифодаи замин надоранд».

Тавре ки масъулини додситонии Суғд дар ин ҷаласа изҳор доштанд, дар ҳоли кунунӣ аз сӯи онҳо ва ё мақомоти дигари Суғд дар пайи бастан ва ё хароб кардани масоҷиди бидуни асноди расмӣ дар ин минтақа, чун дар шаҳри Душанбе, иқдом сурат нагирифтааст.

Аммо ба масъулини умури динии шаҳру навоҳии Суғд ва имом-хатибон барои таҳияи пурраи асноди масоҷид ва мадориси Суғд аз сӯи мақомоти масъули ҳукуматӣ муҳлати муайяне таъйин шудааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, дар айни ҳол шумори умумии масоҷиди вилоят беш аз як ҳазор буда, 78 адади он масҷиди ҷомеъ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, имом-хатибони масоҷиди Суғд, ширкаткунандаҳои ҷаласа, мегӯянд, ки барои таҳияи асноди масоҷид ҳеч мушкили ҷиддие вуҷуд надорад. Аммо тавре Нурулло Ҳидоятов, раиси Шӯрои уламои дини ноҳияи Конибодом ва аз иштирокдорони ҷаласаи ҳайъати мушовараи додситонии Суғд, мегӯяд, дар бештари маворид худи имом-хатибони масоҷид дар ин роҳ ҷиддан кӯшише ба харҷ намедиҳанд: «Шукри худо, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Конибодом ягон масҷид хароб ва ё баста нашудааст. Барои аз рӯи талаботи қонун ба қайд гирифтани масоҷид муҳлати кофие ҳам додаанд. Аммо барои таҳияи пурраи асноди масҷидҳои панҷвақта худи имомони масоҷид ҳаракат намекунанд. Мо шоҳид ҳастем, вақте тақозо шудааст, то дар тӯли 4-5 моҳи ахир онҳо санадҳои заруриро барои ба қайди расмии давлатӣ гузоштани масҷидҳои панҷвақта омода кунанд, мутаасссифона, ин дархостҳо аксаран иҷро намешаванд».

Аммо Ҳоҷибекмуроди Мирзонаимзода, имом-хатиби як масҷиди шаҳри Чкаловск, мегӯяд, бо мушкили таҳияи аснод эҳтимол дорад танҳо масоҷиде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки барои истифодаи давраӣ пешбинӣ шудаанд, масалан, барои хондани намози таровеҳ дар моҳи рамазон. Вале сабаби то кунун бидуни сабти расмӣ мондани теъдоде аз масоҷиди панҷвақтаро оқои Мирзонаимзода дар он мебинад, ки то ба ин авохир ин масъала аз назари мақомоти марбута низ дур афтода ва касе ҳам аз мақомҳои масъул барои масоҷид ҷиддан санади расмӣ талаб намекард.

Дар ҳоле ки дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи таҳқиқ ва тафтиши фаъолияти масоҷид бо шикастану хароб кардани чандин ибодатгоҳи бе сабти ном ва ахиран санҷиши имом-хатибони масоҷид идома меёбад, дар Суғд чунин як иқдоми ҷиддӣ дар пайи тафтиши фаъолияти муассисаҳои динӣ акнун шурӯъ шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар се соли қабл зимни чунин як тафтиш се масҷид дар мавзеъи Ғулакандози ноҳияи Спитамен муваққатан баста шуда буд.
XS
SM
MD
LG