Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави хониш оғоз меёбад


Якуми сентябри имсол 177 693 нафар кӯдакон ба синфи якуми макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвар мераванд, ки аз соли таҳсили гузашта 1361 нафар зиёдтар аст.


Чанд мактаби навсохт дар ин радиф истисно ҳастанд, ки ифтитоҳашон имрӯз, 31 август баргузор гардид. Яке аз ин макотибро субҳи имрӯз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар маҳаллаи Ховарони пойтахт расман боз намуд. Гуфта мешавад, барои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани ин мактаб беш аз 9 миллион сомонӣ сарф шуда, дар он беш аз як ҳазору сад хонанда таҳсил хоҳанд кард.


Феълан, дар ҷумҳурӣ 3 908 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ амал мекунад, ки 78 адади он ҳамин сол сохта ва ба истифода дода шудааст. Бар тибқи омори пешакии Вазорати маорифи Тоҷикистон, теъдоди муҳассилини макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвар дар оғози соли хониши имсола 1 723 140 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG