Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон, Ян Кубиш ва Иттиҳодияи Аврупо


Барои Ян Кубиш, ки таййи чанд сол ба ҳайси фиристодаи собиқи СММ дар ин кишвари осиёӣ кор мекард, ин сафар нахустин боздиди расмиаш ҳамчун вазири корҳои хориҷии Словакия аз Душанбе буд.

Ҳамин тариқ, 30-вуми август оқои Кубиш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом дод, ки дар он масъалаи таҳкими равобити ду кишвар аз мавзӯъоти аслӣ буд. Вазири хориҷаи Словакия пас аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикисон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир ин ду кишвар дар роҳи беҳсозии муносиботи дипломативу иқтисодӣ талош мекунанд ва ҳеҷ масъалаи мавриди баҳс дар ин миён вуҷуд надорад.

Ян Кубиш перомуни дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин гуфт: «Мамнун будам аз шунидани ин ҳарфҳо, ки феълан ҷаноби раиси ҷумҳур ва ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисоди кишвар талош доранд натанҳо сармояи созмонҳои байнулмилалии молӣ ва шарикони стротежии худро ҷалб намоянд, балки ҷӯёи роҳҳои ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошад, ки мисли Словакия тоза ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шудаанд. Дар ҳоле ки имрӯз Словакия басуръат рушд мекунад ва ба як кишвари аз лиҳози пешрафти иқтисодӣ пешгом дар тамоми Иттиҳоди Аврупо бадал шудааст. Аз ин рӯ барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар заминаҳои боэътимоде вуҷуд доранд. Ҳамзамон дар ҷараёни боздиди мо миёни вазоратҳои умури хориҷии Словакия ва Тоҷикистон як қарордод оид ба машваратҳои муттасил дар робита ба сиёсати хориҷӣ ба имзо расид».

Ян Кубиш ҳамчунин гуфт, ки аз имконоти худ ба ҳайси вазири хориҷаи як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва дӯсти Тоҷикистон, барои беҳсозии муносиботи кишварҳои ин иттиҳодия бо Тоҷикистон ва сармоягузориҳои онҳо ба иқтисоди ин кишвар истифода хоҳад кард. Ба қавли оқои Кубиш, феълан Иттиҳодияи Аврупо аз таҳкими равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, истиқбол мекунад ва дар ин робита ду моҳи қабл ин иттиҳодия таҳти раёсати Олмон, барномаи густардаи стротежии мусоидат ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказиро таҳия ва қабул намуд.

Ҳамзамон раҳбари вазорати хориҷаи Словакия таъкид кард, ҳоло дар сатҳи вазоратҳои ду кишвар масъалаи таъсиси кумиссиюни байниҳукуматӣ оид ба рушди равобити иқтисодиву тиҷорӣ, бавижа дар соҳоти энерживу кишоварзӣ ва саноату тавлидоти молу коло, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидат дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон Ян Кубишро бо нишони давлатии «Дӯстӣ» тақдир кард.
XS
SM
MD
LG