Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқибати беэътиноӣ ба меъёрҳои бехатарӣ


IA

Шумораи қурбониҳо аз фурӯпошии бинои бисёртабақа дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, ба 11 нафар баробар шудааст.


Ходимони наҷот мегӯянд, ки пайдо намудани одамони зинда дар зери вайронаҳо дигар аз эҳтимол дур ба назар мерасад.


Гуфта мешавад, баъди фурӯпошии ин бино, ки мавриди тармиму таъмир қарор гирифта буд, шумораи қурбониҳо 15 нафар зикр гардида буд. Мансабдорон таъкид мекунанд, ки зоҳиран сабаби фурӯпошии сохтмон беэътиноӣ ба меъёрҳои бехатарӣ мебошад.


Дар ҳамин ҳол, мансабдорони озарӣ ёдовар шудаанд, ки чор намояндаи ширкати масъули сохтмони бино ба ҳабс гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG