Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста - муддаъиёни Ҷоми ҷаҳонӣ


Ҳашт даста - Фаронса, Испаниё, Гана, Перу, Аргентина, Нигерия, Инглистон ва Олмон ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ Фаронса бар Тунис бо натиҷаи 3 бар 1, Испаниё бар Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 3 бар 0, Гана бар Бразил бо натиҷаи 1 бар 0, Перу бар Тоҷикистон аз рӯи пенолти бо натиҷаи 5 бар 4, Аргентина бар Коста-Рика бо натиҷаи 2 бар 0, Нигерия бар Колумбия бо натиҷаи 2 бар 1, Инглистон бар Сурия бо натиҷаи 3 бар 1 ва Олмон бар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Бад-ин тартиб нахуст дар ду бозии чаҳорякниҳоӣ рӯзи шанбеи якуми сентябр Фаронса бо Испаниё ва Гана бо Перу рақобат мекунанд. Ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ рӯзи якшанбеи дуввуми сентябр миёни тимҳои Аргентина ва Нигерия, Инглистон ва Олмон баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то ҳабдаҳсола, шурӯъ аз соли 1985, барои дувоздаҳумин бор баргузор шудааст. То ҳол ҳамагӣ ҳафт даста соҳиби Ҷоми ҷаҳонии футболи наврасон гардидаанд. Аз ҳама бештар - Бразил се бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Гана ва Нигерия дуборӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ, Арабистони Саъудӣ, Фаронса ва Мексика якборӣ барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ шудаанд. Аз миёни ҳашт дастае, ки феълан ба чаҳорякфинал баромадаанд, Гана, Нигерия ва Фаронса имкон доранд, боз барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол шаванд.

Барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон-2007 чаҳор дастаи қораи Аврупо, ду дастаӣ аз Амрикову Африқо талош меварзанд. Вале ҳамаи панҷ дастаи қораи Осиё - Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Куриёи Шимолӣ, Тоҷикистон ва Сурия аз идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футболи наврасон маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG