Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷинояткор ба ҳабси абад маҳкум шуд


KA

Додгоҳи олии Тоҷикистон як шаҳрванди Узбакистонро, ки дар қатли чаҳор духтари ноболиғ ва ҷиноятҳои дигар айбдор дониста мешуд, ба ҳабси абад маҳкум кард.


Додрас Юсуфҷон Салимов ба ҳангоми ироъаи ҳукми шаҳрванди Узбакистон Шералӣ Эргашев ба ҷуз куштори 4 духтари наврас, ӯро боз дар ҷиноятҳои дигар, аз қабили таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва дуздии молу мулк, низ гунаҳгор эълом кард. Оқои Салимов ҷиноёти содиркардаи Ш. Эргашевро вазнин ва хавфнок арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт: «Додгоҳ қаблан барои ҷиноят ҷазо гирифтану (дар Узбакистон барои қатли духтари моиндари худ муҷозот гардида буд) аз ин ибрат нагирифтан ва ба болои ин боз ғайриқонуниву ба нияти ғаразнок ба Тоҷикистон омадану даст ба ҷиноятҳои вазнин задани шаҳрванди Узбакистон Шералӣ Эргашевро исбот карда, мувофиқи мақсад донист, ки ба ӯ ҷазои ҳабси якумраро муқаррар кунад».


Додрас Ю. Салимов афзуд, ки ин ҷинояткор пас аз раҳоӣ аз зиндони вилояти Қаршии Узбакистон, ба Душанбе фирор намуда, бидуни қайди расмӣ тайи ду соли ахир дар пойтахти Тоҷикистон иқомат кардааст.


Гуфта мешавад, Шералӣ Эргашев куллия ҷиноёти содикардаи худро дар давоми солҳои 2005 - 2007 анҷом дода, 12-уми феврали соли 2007 аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт мегардад.
Каюмарси Ато, Душанбе.
XS
SM
MD
LG