Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳумдин Шарифов, ки даҳ сол вазир буд, даргузашт


Ҳумдин Шарифов, вакили порлумони Тоҷикистон ва собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон шаби гузашта дар синни 61- солагӣ аз дунё даргузашт.


Сабаби марги собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон беморӣ гуфта шудааст. Ҳумдин Шарифов соли 1947 дар ноҳияи собиқ Совет, имрӯз Темурмалик таваллуд шуда буд. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд.


Аз соли 1995 то соли 1996 раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон буд. Соли 1996 раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон буд. Октябри ҳамон сол вазири умури дохилаи Тоҷикистон таъин гардида буд ва дар ин маснад тӯли даҳ сол, то 30 ноябри соли 2006 ифои вазифа намуд.


Моҳи апрели соли 2007 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шуда буд ва раёсати яке аз Кумитаҳои порлумонро бар дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG