Пайвандҳои дастрасӣ

Қисми якум мусовӣ хотима ёфт


Қисми аввали бозӣ миёни тимҳои навраси Тоҷикистон ва Перу дар бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни футболбозони зери ҳабдаҳсола бо ҳисоби мусовии як бар як анҷом ёфт.


Ин бозиро ба таври зинда сомонаи расмии ФИФА пахш дорад. Аммо мутаассифона, тамошобинон дар Тоҷикистон на аз тариқи интернет ва на аз тариқи шабакаҳои маҳаллӣ имкони тамошои ин бозиро надоранд.


Пас аз 15 дақиқаи истироҳат, ҳарду тим барои 45 дақиқаи дигар ба майдон мебароянд. Агар ин бозӣ ҳамин гуна мусовӣ тамом шавад, ним соат вақти изофагӣ зам мешавад. Ғолиби ин бозӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Бразилия-Гана қувваозмоӣ мекунад. Дар 45 дақиқаи қисми аввал на бразилиягиҳо ва на африқоиҳо ба задани тӯбе ноил нагаштаанд.
XS
SM
MD
LG