Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тӯб дар 15 дақиқаи аввал


Тамошобинони бозии Тоҷикистон - Перу дар понздаҳ дақиқаи нахусти бозӣ аллакай шоҳиди ду тӯби зебо гардиданд.


Ба тӯби ҳамлагари Перу, Манко дар дақиқаи 13, аллакай пас аз ду дақиқа Нуриддин Давронов бо зарбаи олиҷаноб аз дурӣ посух дод ва ҳисобро баробар намуд. Воқеан, тими Перу танҳо тиме буд дар ин Ҷом, ки то ҳол тӯбе ба дарвозааш роҳ надода буд. Ҳамакнун, Нуриддин Давронов аввалин шуда ин ҳимояро рахна сохт.


Худи бозӣ бо ҳамлаҳои шадиди тими Перу оғоз ёфт. Дар даҳ дақиқаи аввал перуягиҳо аллакай ба задани чаҳор тӯби кунҷӣ муваффақ шуданд. Аммо ҳоло бозӣ тақрибан баробар аст.
XS
SM
MD
LG