Пайвандҳои дастрасӣ

Рақиби мо: - Перу


рақиби Тоҷикистон барои роҳхат ба даври чаҳорякниҳоӣ мебошад. ки мисли Тоҷикистон каме бештар аз ҳафт миллион аҳолӣ дорад кишваре Перу

Ин иштироки дувуми авлодони инкҳо дар сабқати ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон миёни наврасони ҳабдаҳсола мебошад. Соли 2005 онҳо мизбони ин Ҷом буданд ва аммо дар даври аввал, дар бозиҳои гурӯҳӣ ноком гардиданд. Хуан Хосе Оре, сармураббии тими Перу қабл аз оғози сабқат гуфта буд, он ки Перу ба ин бозиҳо роҳхат гирифтааст, барои футболи ин кишвар як қадам ба сӯи пеш аст.

Даври ҳолии ҳаштякниҳоӣ барои Перу низ комёбӣ маҳсуб мегардад. Дар гурӯҳи "А" онҳо бо ҳисоби ягонаи як бар сифр Кореяи Ҷанубӣ ва Коста Рикоро мағлуб намуданд ва бозии худ бо Тогоро бидуни гол ба анҷом расониданд.

Перу - танҳо тимест дар ин бозиҳо, ки ягон тӯб ба тӯри дарвозаашон нарасидааст. Рахнаи хати ҳимояти нерӯманди Перу - вазифаи душвори наврасони тоҷик хоҳад буд. Аммо дар ҳамин ҳол, наврасони тоҷик аз ҳимояи дарвозаи худ низ набояд фаромӯш созанд. Перугиҳо Карлос Базалар доранд. Базалар ҳарду тӯби пирӯзиовари Перу дар ин бозиҳоро муаллиф аст. Навҷавоне, ки мисли падараш мехоҳад исмаш чун ситораи футболи Перу рӯи сафҳаҳои нахусти нашрияҳо бошад.

Аммо дар як сӯҳбати худ, Карлоси ҳабдаҳсола гуфтааст, онҳо ҳеҷ интизор набуданд, ки рақибашон Тоҷикистон хоҳад буд. Дар бораи тими Тоҷикистон ҳамлагари Перу гуфтааст, "онҳо хеле зуд ҳаракат мекунанд ва рақибро дар нимаи майдонаш фишор меоранд. Бо онҳо бозӣ кардан кори душвор хоҳад буд."

Аммо мухлисони тоҷик умедвор хоҳанд буд, ки бозӣ бо Тоҷикистон барои Перу на танҳо душвор, балки имконнопазир гардад. Онҳо умедвор хоҳанд буд, ки шумораи тӯбҳои Карлос Базалар дар ин Ҷом аз ду беш нашавад ва тӯри дарвозаи онҳо низ ахиран шаҳди висол бо тӯбро бичашад.
XS
SM
MD
LG