Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: «Афғонистон 95 дарсади афюни оламро истеҳсол мекунад»


IA

Дар гузориши нави имрӯз ба табъ расидаи СММ таъкид шудааст, ки ҳосили имсолаи маводди мухаддир дар Афғонистон дар таърихи ин кишвар бештарин аст.


Дар шаҳри Кобул Антонио Мария Коста, раиси идораи СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона ё худ ЮНОДС, мегӯяд: «Метавон гуфт, вазъи имрӯза шаҳодати нокомии ҳамаи мост. Ин аз як тараф нокомии ҳукумати милии Афғонистон ва аз тарафи дигар ин нокомии нерӯҳои хориҷист, ки бо ҳадафи таҳкими амният манотиқи ҷанубии Афғонистонро таҳти назорат доранд».


Дар гузориш аз ҷумла зикр гардидааст, ки феълан Афғонистон 95 дарсади афюни саросари оламро истеҳсол мекунад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки мансабдорони Афғонистон мегӯянд, ки фасод ва вазъи ногувори амниятӣ кӯшишҳои дар кишвар барҳам задани кишти тарёкро бесамар кардааст.
XS
SM
MD
LG