Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ намеравад?


Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бори дигар ба танқид аз фаъолияти ҳукумати зери назораташ бо лаҳни шадид посух дод. Ӯ дар як конфронси матбуотӣ дар ҷавоб ба изҳороти сафири Амрико дар Ироқ Райан Крокар, сенаторон аз Ҳизби демократи ИМА, Ҳилларӣ Клинтон, Карл Левин ва дигарон гуфт:

"Мансабдорони амрикоӣ ва аъзои конгресси ИМА тавре сӯҳбат мекунанд, ки Ироқ моли онҳо бошад. Дар ин бора сенаторон Карл Левин ва хонум Ҳилларӣ Клинтон изҳорот пахш кардаанд. Онҳо демократ ҳастанд ва бояд демократия ва натиҷаҳои онро эҳтиром кунанд. Аммо онҳо тавре ибрози назар мекунанд, ки Ироқ моли онҳо бошад".

Чанде пеш баъди бозгашт аз Ироқ Карл Левин, раиси кумитаи хадамоти низомии сенати ИМА изҳор намуд, ки ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ бояд барканор шавад, зеро ал-Моликӣ дар танзими ҷараёни мусолиҳаи сиёсии гурӯҳҳои мухталифи ин кишвар мутлақо ноком аст.

Аммо ба қавли ал-Моликӣ мунаққидони амрикоии ӯ аз вазъи воқеии Ироқ бехабаранд:

"Ман бо Ҳилларӣ Клинтон мувофиқ нестам. Ба фикрам, дар тӯли ҳаёти сиёсии худ на Ҳиларӣ Клинтон ва на Карл Левин бо он мушкилиҳои сиёсие, ки имрӯз Ироқ рӯ ба рӯ гаштааст, мувоҷеҳ нашудаанд. Аз ин рӯ, қазовати онҳо аз адами маърифати тақозоҳои мусолиҳаи миллӣ маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, ман онҳоро маъзур медонам ба онҳо мегӯям, ки оштии миллӣ ҷой дорад. Зоҳиран он суст пеш меравад, вале агар бо кишварҳои дигар муқоиса кунем, он ба қадри кофӣ босуръат аст."

21 август президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳам бо эҳтиёт иброз дошт, ки аз ҳукумати Ироқ нигарон аст, вале афзуд, ки мардуми Ироқ худ муайян мекунад, ки ин кишварро кӣ раҳбарӣ намояд. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта дар паи зиёрат аз Бағдод вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер изҳор намуд, ки сарвазир ал-Моликӣ бояд барканор шавад. Баъдан, Кушнер аз сарвазири Ироқ маъзарат хост ва таъкид кард, ки аснои сӯҳбат бо маҷаллаи амрикоии "Newsweek " ӯ ба таъбирҳои ғайридипломатӣ роҳ додааст.

Аммо бо вуҷуди ғазаби намоён ва посухҳои шадид ал-Моликӣ ба танқидҳо гӯш додааст. Охири ҳафтаи гузашта силсилаи вохӯриҳои ал-Моликӣ бо раҳбарони ду ҳизби бузургтарини курдҳо, ду ҳизби мусулмонони шиа ва эътилофи зери раҳбарии ноибпрезиденти Ироқ Ториқ ал-Ҳошимии суннимазҳаб бо имзои як созиши ваҳдати сиёсӣ ба анҷом расид. Дар нишасти матбуотӣ президенти Ироқ Ҷалоли Толабонӣ музокирои гурӯҳҳои ироқиро ҷамъбаст кард:

"Баъди баҳсҳои тӯлонӣ, муфассал ва шаффоф ниҳоят мо ба мувофиқат расидем. Дар айни замон ризоят ҳосил шуд, ки ба ҷои қонуни аз қудрат дур кардани ҳизби "Баъс" санади дигари одилонаву ҳуқуқӣ тасвиб шавад. Мо дар дигар масъалаҳои муҳим низ мувофиқат ҳосил кардем. Баъзе нуктаҳои он ба Кумитаи ислоҳот тақдим хоҳад шуд. Мо ҳамчунин қонуни вилоятҳоро арзёбӣ кардем. Моддаҳои созиш ошкор нашудааст, вале баъзе моддаҳои он ба ҳамин зудиҳо барои тасдиқ ба Кумитаи ислоҳот пешкаш мешавад. Умедворем, ки ин изҳорот оғози нек хоҳад буд."

Дар ҳоли ҳозир, сарнавишти ҳукумати зери раҳбарии ал-Моликӣ рӯшан нест, зеро гурӯҳҳои сиёсии парламенти Ироқ ҳанӯз ҳам аз сиёсатҳои ӯ танқид мекунанд. Дар баробари он пуштибонӣ аз сарвазири Ироқ дар Вашингтон низ заифтар шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG