Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ баъд аз як моҳ анҷуман доир мекунад


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ тасмим гирифт, то дар интиҳои моҳи сентябр (25/09/2007) анҷумани навбатии худро баргузор намояд.


Ҳикматулло Сайфуллозода, мудири маркази таҳлилии ҲНИТ ба радиои Озодӣ гуфт, масъалаи аслии мавриди баҳси анҷумани ҳафтуми ҳизб таъйини ҳайати нави раёсати олии он мебошад. Дар ҳоли ҳозир, раёсати олии ҳизб 41 узв дошта ва аз миёни ҳамин аъзо ҳайати Шӯрои сиёсии ин ҳизб, ки аз ёздаҳ нафар иборат мебошад, ташкил ёфтааст. Оқои Сайфуллозода афзуд, имкон дорад, дар анҷумани навбатӣ шумораи аъзои раёсат бештар шавад.


Оқои Сайфуллозода гуфт, ҳамчунин дар назар аст, дар анҷуман риояти қонун дар бораи озодиҳои динии шаҳрвандон ва бархе аз мушкилоти бурузкарда дар ҷомиа, аз ҷумла, манъи ширкати ҳиҷобпӯшон дар макотиб, тахриби масоҷид, забт ва маҳви наворҳои аудиоӣ ва видеоии рӯҳониёни саршиноси кишвар ва дигар масоили монанд мавриди баррасии вакилон қарор бигирад.


Анҷумани қаблии ҳизб, ки анҷумани ғайринавбатӣ унвон шуда буд, баъди даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ -муассис ва раиси ин ҳизб дар моҳи сентябри соли гузашта доир шуда буд. Масъулини ин ҳизб мегӯянд, ба истиснои ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ва Балҷувону Шуроободи вилояти Хатлон, созмонҳои ибтидоии ҳизби мазкур дар саросари кишвар фаъолият мекунад ва дар ҳоли ҳозир, ин ҳизб 25 ҳазор узв доштааст.
XS
SM
MD
LG