Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико Тоҷикистону Афғонистонро пайваст


Душанбе - Панҷи поён - Душанбе Пули иртиботии Тоҷикистону Афғонистон дар моварои рӯдхонаи Панҷ, ки бо пуштибонии 37-миллиондолларии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими гушоиши он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ва Карлос Гутерес, вазири тиҷорати Амрико, ширкат карданд.

Субҳи барвақти 26-уми август мардуми зиёде аз маҳалли наздимарзии Шерхон-бандари Афғонистон ва Панҷи поёни Тоҷикистон ҷамъ омада, мунтазири ифтитоҳи ин гузаргоҳи нав буданд.

Таҳлилгарон гушоиши ин пулро муҳим арзёбӣ карда, мегӯянд, ки баъд аз ин дастрасии ҳарчи бештари мардуми кишвар ба сементи Покистон, маводди дорувории Ҳиндустон, маҳсулоти нассоҷӣ ва атриёти Афғонистон ва ё дастрасии мардуми афғон ба гандум, равған, дастгоҳҳои барқӣ ва худравҳо аз Тоҷикистону Қазоқистон ва Русия осон мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш ифтитоҳи пули мазкурро барои рушди равобити иқтисодиву фарҳангии ду кишвари ҳамсояи дӯст муҳим хонд. Вай бо ироъаи баёнияе мардуми ду кишварро ба маросими бозкушоии, ба қавли ӯ, «Шоҳпул» муборакбод гуфт ва аз муҳандисони артиши ИМА ва ширкати «Ризани де Эчер Удени»-и Итолиё, ки тарҳи пули мазкурро омода ва сохтмони онро дар тӯли ду сол ба итмом расонидаанд, изҳори сипос намуд.

Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули «Дӯстӣ»-ро ба эҳсоси расидан ба ормонҳои дерини мардуми ду канори рӯдхонаи Панҷ шабеҳ дода, ба ин нукта ҳам ишора кард, ки набояд пули мазкур барои қочоқи маводди мухаддира ва инсону аслиҳа табдил шавад: «Ба назари ман, матлуб мебуд, байни ин ду мавзеъ, ки бо пули «Дӯстӣ» пайванди доимӣ ёфтанд, яъне Шерхон-бандар ва Панҷи поён равобити наздики дӯстона барқарор гардад. Онҳо муштаракан талош намоянд, ки тавассути ин пул аъмоли нораво, бахусус, қочоқи инсон, маводди мухадира ва силоҳ қатъан сурат нагирад ва он пули меҳру самимият бошад. Тоҷикистон ва Афғонистон дар қалби қитъааи бузурги Осиё ҷой гирифта, чорроҳаи пайванди минтақаҳои бузурги дунё мебошанд ва он тақозо менамояд, ки мо муаассисоти бузург, қабл аз ҳама роҳҳо ва пулҳо, созем».

Ифтитоҳи пули иртиботиро миёни Тоҷикистону Афғонистон Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, боиси беҳбуди зиндагии мардуми ин ду кишвар арзёбӣ намуд ва гуфт, ки ин пул Осиёи миёнаро бо Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи ғарбӣ пайванд мекунад. Ҳомид Карзай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули «Дӯстӣ»-ро аз бозёфтҳои муҳимми рушди кишвараш дар ин чанд соли ахир қаламдод кард: «Ин пул натанҳо василаи рафтуомад миёни дӯстон ва хоҳарону бародарони ду кишвар, балки василаи тиҷорат, доду ситад, тронзити миёни ду кившар ва ҳамчунин минтақа хоҳад буд. Барои фардои кишвар ва мардуми мо ин пул бисёр муҳим аст ва, иншоаллоҳ, пули мазкур боиси беҳбуди зиндагии мардуми ду кишвар хоҳад шуд».

Карлос Гутерес, вазири тиҷорати Амрико, ки аз номи президент Ҷорҷ Буш дар расми гушоиши пул ширкат мекунад, сохтмони пули миёни Тоҷикистону Афғонистонро аз лоиҳаи бузургтарини ҳукумати Амрико хонд. Вай гуфт, ин пул масофаро миёни Душанбе ва бандарҳои баҳрӣ ба маротиб камтар мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Гутерес, пул бояд ба афзоиши савдо ва тараққиёти иқтисодии минтақа таконе бахшад: «Дар ин воқеаи таърихӣ аз номи Ҷорҷ Буш ҳузур дорам ва натиҷаи бузурги ҷидду ҷаҳди ҳамкориҳоро бо шумо таҷлил мекунам. Тавре дар гузашта Роҳи абрешим, ки як қисми ҷудонашаванди тамаддунҳои бузург буд, роҳҳои ин минтақа низ дубора манзалати худро ҳамчун пайроҳаи савдо ва сулҳу субот аз нав барқарор мекунад. Ин пул баҳри рушди зербинои воқеӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ки барои дасгирӣ намудани савдои минтақавӣ, фаъолияти иқтисодиву сармоягузорӣ зарур аст, равона гардидааст».

Дар ҳамин ҳол, аксар коршиносону равшанфикрон, дар баробари ситоиш аз ифтитоҳи пули нав, ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки он метавонад ба як гузаргоҳи дигари гурӯҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла ҷангиёни Толибон, табдил шавад.

Раҳим Масов, узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар баробари аҳаммияти ин пул хатари ҳамлаи гурӯҳҳои тундравро низ сарфи назар намекунад. Вай муътақид аст, ки дар сурати набурдани назорати шадид аз ҷониби марзбонони кишвар ҳамлаи гурӯҳи Толибон тавассути ин роҳи ҳамвор чандон мушкил нахоҳад буд.

Коршиносон ҳамчунин таъкид карданд, ки аз ин ба баъд корҳои эҳдос ва таъмири роҳҳои васлкунанда бо ин пул бояд таҳким бахшида шавад. Дар ҳоли ҳозир Бонки осиёии Рушд дар Афғонистон роҳи ҳалқавиеро бунёд мекунад, ки бо ин пул васл хоҳад шуд.

Кишвари Жопун (Ҷопон) дар қаламрави Тоҷикистон роҳеро аз сари пул то шимоли ин кишвар тармим ва бозсозӣ мекунад.

Пули миёни Тоҷикистону Афғонистон 673 метр тӯл ва тавони дар як шабонарӯз интиқоли 1000 мошини борбарро доштааст. Гуфта мешавад, дар сохтмони он беш аз 19 ҳазор метри мукаъъаб семент масраф ва беш аз 450 тан коргарони тоҷикистониву афғонистонӣ таҳти роҳбарии 40 нафар муҳандисони Филиппин, Таиланд, Ҳиндустон, Русия, Амрикои Шимолӣ ва Африқо кор кардаанд.


Хишти нахустини ин пул моҳи июни соли 2005 гузошта шуда, дар маросими он низ Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомиди Карзай ва сафири собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд ширкат карда буданд.

Ҳамзамон дар мавзеъи Сари пул эҳдоси муассисоти ниҳодҳои гумрукиву марзбонӣ, ташхису тафтиши бору амвол ба поён мерасад, ки барои бунёди ин иншоот ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти лозима Иёлоти муттаҳидаи Амрико изофатан 11 миллион доллар ва Иттиҳоди Аврупо 12 миллион доллар ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG