Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Ҳушманд» ба душманони Эрон ҳушдор медиҳад


Ҷумҳурии исломии Эрон бо муаррифии бомбаи навтавлиди дурпарвози худ «Ҳушманд», ки наздики 1 тонна вазн доштааст, рӯзи сешанбе 23-вуми август таҳдид кардааст, дар мавридҳои лозим онро зидди душманони Эрон истифода хоҳад намуд.


Дар ҳамин ҳол, вазири дифоъ Мустафо Муҳаммади Наҷҷор дар суҳбати телевизионии худ гуфт, ки Эрон «дар фурсати заруррӣ ин бомбаҳоро зидди душманонаш» истифода хоҳад кард.


Мақомоти эронӣ имрӯз эълом дошт, умедвор аст, нақшаи амалие, ки миёни Теҳрону Ожонсии байнулмилалии энержии ҳастаӣ таҳия шудааст, барои пешбурди музокироти ҳастаӣ бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавйер Солана мусоидат хоҳад кард.


Сухангӯи вазорати хориҷа Муҳаммадалӣ Ҳусайнӣ гуфт, ки созиши мазкур исбот кард, ки Эрон ба таъаҳҳудоти худ дар масъалаи сулҳомез будани барномаи ҳастаияш ҳамоно пойбанд аст.
XS
SM
MD
LG