Пайвандҳои дастрасӣ

Рақиби Тоҷикистон - Перу


. Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон дар бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2007 миёни футболбозони зери 17-сола рӯзи 29-уми август дар шаҳри Сувони Кореяи Ҷанубӣ бо тими наврасони Перу - ғолиби гурӯҳи «А» рақобат мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе, ҳамчунин, се бозии дигар миёни тимҳои Испаниё ва Кореяи Шимолӣ, Тунис ва Фаронса, Гана ва Бразил баргузор мешавад.

Чаҳор бозии дигари ҳаштякниҳоӣ рӯзи 30-уми август миёни тимҳои Аргентина ва Коста-Рика, Нигерия ва Колумбия, Инглистон ва Сурия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG