Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи пуле, ки ду кишварро ба ҳам пайваст


«Пуле, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бар болои рӯдхонаи Панҷ бунёд шудааст, аҳамияти стратегӣ дорад ва барои манофеи мардуми Афғонистону Тоҷикистон хизмат хоҳад кард», - гуфт имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи ин пул дар Панҷи поён.


Вай ин рӯйдодро "таърихӣ" унвон кард ва ба таъкид гуфт, ки он на танҳо давлатҳои Осиёи марказӣ, балки Чину Русия ва Халиҷи Форсро низ ба ҳам пайванд хоҳад дод.


Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки аз ин роҳ гурӯҳҳои қочоқбари аслиҳаву маводди мухаддир истифода нахоҳанд кард.


Пули мазкур бо кумаки молии ҳукумати ИМА бунёд шудааст. Зимни изҳори сипос ба ин ёрии Амрико, ҳамчунин раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки дар канори раҳбари Тоҷикистон дар ин маросим иштирок дошт, пули навро чун «пули бузурги дӯстӣ» ном бурд.
XS
SM
MD
LG