Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як пирӯзӣ ва ду бохт


Uraaaaaaaaaa!
Ispaniya 3 - 0 Koreyai Shimoli
Faronsa 3- 1 Tunis!!!
Khele khushholam ki faronsaviho tunisihoro shikast dodand! Intiqomam barovarda shud! Aknun to in dam az rui naqshae, ki dar somonai javonon tasvir kardam, Ispaniya va Faronsa umedhoyamro barkhurdaand. Holo pas az du se daqiqa jonbozihoi Tojikistpon oghoz meshavad. Ba peeesh! Ba umedi Khudo, piruz shudani Tojikistonro jashn khohem girift!!!
Dilshod
---------------------------------


Бозӣ сар мешавад. Э, аз куҷо тамошо кунемммм????????
-----------------------------


Саломи дигарбора! Рости гап ман ин шаб ором хуфта натавонистам. Хамеша фикр мекардам, ки дар майдон нишаставу тими наврасони точикро дастгири мекунам. Ман аз хамаи он нафароне, ки дар ин сомона ва умуман хамеша чониби футболбозони наврас каф мекубанд, минатпазирам. Ва оне хам, ки гуфтааст: "Барои ман шунидани галаба аз руи ИМА кифоя буд, ки ман Точикистонро бори дигар дуст дорам. Мо ба хама чиз кодирем..." ОФАРИНАШ БОД! Аммо афсус бар он нафаре, ки худро Сомон муаррифи кардааст, бибии ман як масали маъруфро доим ба такрор мегуфт, ки "Гови беширро овозаш баланд аст". Ман намедонам, худи хамин Сомон ба чуз аз ланкабозиву бучулбози ба чи кори дигаре кодир бошад.... Ва бовари дорам, ки аз ухдаи пахтачини хам намебарояд....(Подабонияшро намедонам)...
БАРОДАРОН МО ХАМЕША ПИРУЗ МЕШАВЕМ! ТИМИ НАВРАСОН ТОЧИКИСТОНРО ДАР САЙЁРА МУАРРИФИ НАМУД! АХСАНТ!!!!!!!!
----------------------------------------------------


Durud duston!!! Bo arzi sipos az dastgiriye ki az dastai futboli Tojikiston dar bozihoi Jomi Jahoni zeri 17 solaho mekuned va baroi khushholiaton yak guzorishero dar somonai "Javononi khudshinos" durust kardaam, ki suroghaash chunin ast:

http://www.khudshinos.freenet.tj/

Ba umedi Khudo Tojikiston qahramoni jahon khohad shud!
(P.S: Faqat aksi nakhustini dar onjo guzoshta shudaro bisyor jiddi nagired)
Dilshod
-------------------------------------

Campione, champione ole ole ola Tojikistone Tojikistone championeeee.
Hamayi hamvatanonro tabrik mekunam baroi rohxat giriftan. Duoguyi TJK meboshem hamesha. Insholloh zafar xohem yoft.
----------------------------------


Ягон бартарии Перу бар Тоҷикистонро намебинам. Ҳамон фақр, ҳамон аҳолӣ ва ҳамон таҷрибаи бозӣ. Так что, Таджикистан - Перу, пятъ нолъъъъъъ!!!
------------------------------------------


Viva, Tojikiston ba peeeesh!!!
Dilshod
-----------------------------------------

Барои ман шунидани галаба аз руи ИМА кифоя буд, ки ман Точикистонро бори дигар дуст дорам
Мо ба хама чиз кодирем...
Ба окибати бозии футбол дигар он кадар марок надорам ки чи мешавад ...
---------------------------------------------


Мухлиси футболи точик аз ДДМТ
Воқеан, ин дастоварди бузург аст барои тоҷикистониён. Зеро пас аз истиқлолият бори дигар ба ҷаҳониён давлати моро футболбозони тоҷик муаррифӣ намуда истодаанд. Як чизро бояд гуфт, ки бозии футболро ҳеҷ як мураббӣ ва мухлис наметавонад пешгӯӣ намояд.
Албатта, мо аз ин футболбозони навраси тоҷик дар оянда умедамон калон аст.
-----------------------------------------

Dustone, ki meguyand maydoni bahsi Ozodi va somonai on ba shabakai televizionii varzish tabdil shuda boshadu mavzui muhimtare az inho monandi iqtisodu farhang va siyosatu din va digaru digar dorem: Shumoro kase ba khondani somonai ozodi va ba bahsi varzishi on nakashidaast. Agar khud injo nazar mekuned, yaqinast, ki shumoro niz 15 soli khayolbofihoi shabakahoi televizioni Tojikiston dilgir kardaast.

Az in ru, man ba kormandoni in radiyo va somonavu maydoni bahs ofarin meguyam, ki bo cholokii khud hamayi bozihoi dastai navrasoni moro dar futboli jomi jahon sarivaqt guzorish medihand!!! On dustone ham ki imkoni didani bozihoi dastai futboli zeri 17-i Tojikistonro nadidaand: khohish mekunam, guzorishhoro durusttar mutolia kuned. Jamshedi giromi, Tojikiston tanho du marotiba bokhtaast, na se marotibae ki Shumo dar nazari khud meguyed; TVT ham natijai bozii Tojikistonro nodurust 3 bar 0 guftaast, natijai aslii bozii Tojikiston bo Amriko 4 bar 3 ast.

Mu'min, nazari rusho khele ablahona va duruya ast: pesh az rohkhat dastai futboli Qurghonteppai Tojikistonro, ki soli guzashta bar dasti Spartaki Moskva ba hisobi 19-1 bokhta bud, yodovar shuda, piruziashonro bar dastai Amriko nodida megiriftand va moro ta'na mezadand, guiyo ki ba piruzihoi mo hasodat meburda boshand va afsus az in mekhurand, ki charo Russia dar in bozi roh nayoftaast. Agar imruz pas az rohkhat ba 8 x 1 final "dustoni mo" guyand, fardo hamono najodparastonashon tojikkushiro idoma medihand. Az in ru ba onho boyad firefta nashavem va hamesha dar munosibat bo rusho hushyor boshem.

Nufarn 4: hatman, du'o kun, ba umedi Khudo dastai mo piruz khohad shud. Peru yaqinan dastai purzur ast, ammo dastai mo az uhdai shikast dodani onho baromada metavonad.

Khulosa, umed doram, ki Khudovandi jonu khirad piruzihoi farovonro bar mo arzoni medorad va hamagi shohidi bozii zeboi Tojikiston va Brazil (yo Ghana az guruhi khud) khohem shud.
Dilshod
--------------------------------------------


Салом ба хамаи дастандаркорони Озоди, ман аз шумо хохиш дорам ки хамин мавзуро тамомаш кунед мавзуоти мухимтарро бигзоред. Мардуми зиёд зери факру бадбахти ба сар мебаранд, шумо бошед футбол ! О ба шиками гурусна футбол тамошо карда мешавад ???
________________________


Ман хеле хушбахтам, ки дастаи наврасони Точикистон дар чоми чахон иштирок дорад, ки ин авалин комебист дар таърихи футболи Точикистон, новобаста аз оне, ки се бозиро паи хам бохт. Бачахо хеле хуб бози мекунанд, ва аз худо хохонам, ки ба дастаи Перу голиб оянд.
Чамшед
_____________________


Ба назари ман иштироки Точикистон дар чемпионати футболи чавонон бори дигар инро нишон дод, ки истеъдодхое хастанд дар кишвари мо, ки Точикистони мо на танхо дар футбол ё варзиш, балки дар тамоми арсахои зиндаги дар байни кишвархои пешрафта чойгохи худро пайдо менамояд.
Бихишти Нури
_____________________


Салом ба хама ва аз чумла ба бобои Сомон хам. Ман фикр мекунам, ки аслан пахтачини чойи шумост, на чойи наврасони кахрамони мо. Ва Шумо хукук хам надоред, ки дар нисбати тими наврасони точик чунин бигуйед. Аз ин дида кахрамони намешавад, ки аз миёни чамохири шуравии собик махз дастаи Точикистон ба бозихои ЧЧ роххат гирифт. Хуллас, агар касе дар майдони бахс аз нокомии наврасон харф занад, пас хуни милли надорад....... Наврасони мо аллакай кахрамонанд. На вобаста аз натоичи бози бо Перу барои ман онхо чемпион хастанд. Ман бовари дорам ва хамеша аз даргохи Худованд талаб мекунам, ки дар бозии навбати пируз гарданд. Ман бозии зебои тими наврасонамонро бо Бразилия дидан мехохам. Ба хама мухлисони содик барор!
НУФАРН-4
_____________________


Хабари ба даври баъдии Чоми чахонии футбол роххат гирифтани дастаи мунтахаби наврасонамон ман ва дигар мухлисони футболи ишкошимиро хеле ва хеле хурсанд сохт. бовари дорам,ки ин пирузи барои равнак ва оммавияти футбол дар кишвар таконе хохад дод.
Собир
_________________________


Вокеан, хам бурд ва хам бохти Точикписарон кобили тахсин аст. Браво бачахо!!! Пирузии бачахои мо бо Амрико ин худ ифтихор аст. Бовар кунед замоне точикписаронро бо чехрахои точики ва бо одобу ахлоки хамида дар нисбати Тунисихои бадахлок дидам ифтихори миллиам сар ба осмонам кард. Онхо ончунон бо махорат бози мекарданд, ки ахиран журналисти рус мачбур шуд, ки "таджики это наш ребята"-ро истифода кунад. Аммо мутаасифона футболи Точикистону Амрикоро на телевизиони Точикистон нишон доду на касе ин диловарписаронро аз Хукумати Точикистон табрик гуфт. Бехаёёна як руз баъд ТВ1 точик кутохакак хабар дод, ки Точикистон бар Амрико 3:0 бурид(?).
Ба суи точикписарон санги маломату хасад напартоед, зеро ба рости эшон кобили хама гуна тахсину офаринанд! Мувафакиятхо ёратон бод!!!
Муъмин
________________________


Салом ба хаводорони сомонаи OZODI.
Авалан пирузии дастаи чавонони Точикистонро ба хамаи хамватанонам табрик мекунам. Боке надорад ки бо дастаи ТУНИС бозиро чавонписарони точик бохтаnд. Чаро ки агар пйдархам дастаи мо колиб меомад шойад онхоро чашм мегирифтанд.
____________________


Нашрияи Нигох дар бораи ин мусобика дуруст навишт, ки мо хануз ифтихори милли надорем. Бародарон, футболбозони мо голиб омаданд! Магар аз ин наметавон ифтихор кард? Магар ин имконе нест, ки гаразхоро як су гузорему ба хамватанони худ барор хохем?
То ба кай малули аз хукумати Рахмонов моро ба малули аз миллату давлат мебурда бошад?
Биёед дар ин бора фикр кунем...
ВАТАНДОР
______________________


Ba shakhse, ki be imzo az taekvodochiyon menavisad: futbol va taekvondo du nav'i gunoguni varzishand. Ba man va digar mukhlisoni futbol yak piruzi va du bokht muhimtar az dah piruzii taekvondochiyon ast, ki farq namekunad agar baynashon kadom yak "kudak" ham medali tilloi jahoni ba dast ovarda boshad. Az in ru, ba mo havas nakun va ta'na nazan! Ba onhoe, ki az Somon va nafare ki pivonushi raft, e'tiroz kardand, ofarin meguyam. Bachaho az mo hatman khursand va ruhbaland khohand shud. Mo mukhlisi haqiqi! Ba umedi piruzii timi millii futboli Tojikiston bar Peru!
boz ham, Dilshod
_____________________


Аҷаб мардумед. Аз бохти кадом кӯдакон ҳарф мезанед, вале як калима ҳам дар бораи медалҳои тиллои ҷаҳонии таэквондочиёнатон намегӯед. Ин Озодӣ низ дигар сиёсату иқтисоду мардумро фаромӯш карда телеканали Спорт шудааст.
----------------------------------


То чӣ андоза бояд аз футбол дур буд, ки ба майдони футболбозони навраси тоҷик санг партофт. О, охир онро ба ёд оред, ки аввалин бор аз ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ наврасони ҳабдаҳсолаи тоҷик ба сабқати ниҳоӣ рафтаанд. Онҳо яке аз се дастаи осиёиянд, ки ба даври дигар баромадаанд. Онҳо дар Чемионати Ҷаҳон бозӣ доранд, дар Ҷоми Душанбе не! Ва хеле хуб ҳам бозӣ доранд.
Дар бораи бозӣ бо Амрико ҷои ҳарф нест. Дар бозӣ бо Белгия голи қабулнашуда бачаҳоро рӯҳафтода кард ва дар сонияҳои охирин бозиро бохтанд. Тунис, ки дар ду бозии дигар ҳафт тӯб зада буд, бо азобе тоҷиконро шикаст дод.
Бачаҳо аз гурӯҳ баромаданд. Боз чӣ мехоҳед?
Ку, худатон чӣ корнамоӣ нишон додаед, ки ин футболбозонро ин қадар маломат мекунед?
--------------------------


Бозии охирони хамватанонро тамошо карда, хамон айёме, ки мактабхон будему футболбози мекардем ба ёдам омад. Факат кушиш мекардем, ки тубро аз назди дарвоза зада дур кунем. Он тарафаш туб ба кучо меравад, ба мо фарк надошт. Максад дур кардани туб буду халос.
.... Рости гап футболро то дакикаи 74-ум тамошо кардам. Дигар асабам набардошт. Телевизорро хомуш кардаму ба берун пивонуши рафтам.
Як мухлиси боумед ва дуогу
--------------------------------------


Мехохед Тоҷикистон чемпион шавад??? Чаро не!!!
Урааааааааааааааааааааааааааааааааа
------------------------------


Salom
Chun mo tavonoi tamosho namudani hej yak az bozihoro nadoshtem, az rui havo baho dodan az rui insof va adolat nest .
Albata nuktahoi zaifi timi navjavononi mo ziyod ast, vale dastovardhoyashon baroi Tojikiston va milati azizamon ham xele boarzish va iftixoromez ast .
Dar dagigai 90 gol khurdan in badshansi ast . Va goli moro dovar gabul nakunad, inash ham badshansi . Lekin bachahoi mo podoshi zahmathoyashonro giriftan va ba 8 yak finali roh yoftand. Va umedvorem ki dar bozi oyanda bar timi Peru piruz shavad.
Bo ehtirom, Salim
__________________


Сомон! Агар дилат месӯхт, футболбозро ба пахтачини намефиристоди! Ба ҷои дилбардорӣ ту аввал онҳоро ба хок назан! Ман як тоҷики оддӣ, аммо гуфтаниам, ки аз худи ману ту барин одамон ғолибияти ҷавонписарони тоҷик вобаста аст! Кани ба ҷои дӯғу пӯписа барои дастгирии ҷавонписарон рафта Тоҷикистон Тоҷикон мо бо шумоем гӯён ҷавонписарони футболбозамонро дарстгири мекарди - Нигар чи хел одамони оддӣ барои дастгири ба Корея пул сарфкарда меравад, гап дар сари ғолиб ва ё бохтан нест. Гап дар сари обурӯи миллат аст. Фахр кун ки Тоҷик имрӯз қудрати варзишгарони худро ба Корея фиристоданро пайдо кард. Аз дигар кишварҳо одамони одди пул сарф карда мераванд барои дастгирӣ, ту боши худи бозингаронро ба майдони пахта мефиристи!

Худо дод ба мо, боз медиҳад ва ман бовари дорам, ки ғолибияти тоҷикписарони мо аз болои Амрико барои садҳо писарчаҳо шавқу ҳаваси бисёре пайдо кард ва рӯзе мерасад Тоҷикистон мисли Бразилия ва Аргентина хоҳад шуд! Ояндаро Худо медонад ва ки медонад дар оянда Тими миллии футболи Тоҷик барои тамоми ҷаҳониён машҳур шавад - Аллакай шуд ва хоҳад шуд.

Ҷавонписарон рӯҳафтода нашавед - Шумо қаҳрамонони Футболи тоҷик ҳастед ва барои шумо дар бозиҳои оянда дуогӯи шумоёни азиз ҳастам! Оле-оле-оле Тоҷикистон чемпион!
-------------------------------


Somon, magar kamnazari yo mekhohi moro sharmanda kuni?

Man aslan sad dar sad az bozii futboli dastaamon qanoatmand hastam va az bozii onho iftikhor ham mekunam. Holo bubin, ki Tojikiston dastai Amrikoro, ki sobiqai 15 solai bozi dar in nav'i jomi jahonro dorad va dubora dar guruhi khud mavqei yoftaast shahdi shikast chashond! Magar in az dalerivu gayrat va yak nerui favqullodai timi futboli Tojikiston shahodat namedihad?

Yo bozii Tojikiston bo Beljik va Tunisro bubin, ki bo vujudi hamesha tahti nazorat giriftani maydon va zarbahoi khatarnok zadan besh az yak tube ba darvozai mo dokhil karda natavonistaand! Agar natijai bozii in dastahoi nerumandro bo digar guruhho muqoisa namoem, onho dar onjo beshtar khol ba dast ovardaand va bozii az hama mushkilashon faqat bo dastai navrasoni umedbakhshi mo budaast.

Az in ru sharm ast, agar chunin biyandeshem, ki dastai mo "neprofessional" boshad. Okhir professionalizmi digar dastaho niz az osmon naomadaast, ki nazdi onho moro kuchak giri. Onho ham dar natijai shikastu rost shudan va tajriba andukhtan paydo shudaand.

Boz meguyam: man az bozii dastaamon to imruz qanoatmandam va umedvoram, ki ba zudi shohidi bozii futboli Tojikiston bo Brazil (yo Ghana) khohem shud. Ba umedi on ruz, padrud!
Dilshod
__________________________


Бо як гул баҳор намешавад ва бо як гол (ғалаба) - футбол. Хайр, ана як илоҷ карда, Амрикоро бо ҳисоби 4:3 мағлуб карданд, вале, охир, дар ду бозии дигар бачаҳои мо шикаст хурданд-ку.

Дигараш майлаш, аммо вақте ки капитани команда Самад Шоҳзуҳуров зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба самар расонида наметавонад, ин магар худ нишони «непрофессионал» будани ӯ нест? Ана ҳаминхелиҳоро, ки дар лаҳзаҳои ҳассос бемасъулиятӣ мекунанд, бояд ба пахтачинӣ ё каҳдаравӣ фиристод, на ба футбол ба Корея! Боз кадоме дар ин майдони баҳс навишта буд, ки тунисиҳо, ки мусулмонанд, ба бозингарони мо раҳм мекунанду бозиро бой медиҳанд: чунки онҳо алаккай ҷои якумро гирифтагӣ. Охир, онҳо чи хел бой диҳанд, ки тоҷикон - футболбоз шуда - аз Тоҷикистони дур ба Корея омада, ҳатто пеналтиро гол зада наметавонанд. Чи, худашон ба дарвозаи худашон гол зананд?!!!

Тоҷикистон, ба аҳидаи ман Бразилия ё Аргентина нест, ки дар он футбол тараққӣ кунад. Футбол барои рушду пешравиаш пули зиёд мехоҳад, вале хукумати мо барои ин пул надорад ва ё додан намехоҳад. Пас аз куҷо футбол дар инҷо тараққӣ кунад?

Хайр, хафа нашавед, ман инро аз сӯзи дил мегӯям. Ба ҳар ҳол, бозингарони мо дар гурухи худ ҷои сеюмро гирифта бошанд ҳам, вале ба чорякфинал баромаданд. Ман, рости гап, хеле хурсанд шудам. Худо дод ин дафъа барои футболбозони мо, вале доим намедиҳад - то бандааш кӯшиш накунад. Барои ҳамин ҳам номӯс карда, дар бозиҳои оянда аз таҳти дил ва бо тамоми қувват бозӣ кардан даркор, бачаҳо! Ва ман ба шумо муваффақият мехоҳам. Ғайрат кунед!!!

Мухлиси футбол Сомон.
--------------------------------------
XS
SM
MD
LG