Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар бозӣ бо Белгия бо ду гол пешсаф аст


Дар дақиқаҳои 63 ва 71-юми бозии миёни Белгия ва ИМА дар Ҷоми Ҷаҳони зери ҳабдаҳ сол футболбозони амрикоӣ Кирк Урсо ва Микел Бейтз ду тӯбро вориди дарвозаи аврупоиҳо намуданд ва дар ҳоли ҳозир, тими Амрико бо ҳисоби ду бар сифр дар пеш аст. Ин бозӣ бо бартарияти қобили мулоҳизаи амрикоиҳо гузашта истодааст.


Амрикоиҳо ва белгиягиҳо рақибони Тоҷикистон барои роҳхат аз гурӯҳи "Е" ба даври ҳаштякниҳоӣ мебошанд. Агар, амрикоиҳо дар бозии худ пирӯз оянду тоҷикон бо Тунис мусовӣ намоянд, тими Тоҷикистон дар гурӯҳ ҷои дуввумро мегирад.


Агар Тоҷикистон бар Тунис бо фарқияти чаҳор тӯб пирӯз ояд, дар гурӯҳ ҷои аввалро мегирад. Агар, Тоҷикистон мағлуб шавад, пас се тим: Тоҷикистон, Белгия ва Амрико се холӣ мегиранд ва ҷойҳои худро аз рӯи таносуби тӯбашон муайян менамоянд.
XS
SM
MD
LG