Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дақиқаҳои аввали қисми дуввум: 0 - 0


Аввали қисми дуввуми бозӣ миёни Тоҷикистон ва Тунис бо ҳуҷумҳои арабҳои африқоӣ гузашта истодааст. Сармураббии Тунис ду бозигари худро дар оғози қисми дуввум иваз намуд ва футболбозони нави Тунис бозии тими худро нерӯ бахшиданд.


Дар ин понздаҳ дақиқаи аввал дарвозабони Тоҷикистон чанд бор бозии хуб нишон дод. Бозигарони тоҷик талош доранд, ки бозиро ба дасти худ бигиранд ва тӯбро ба майдони арабҳо бибаранд. Дар дақиқаи шастум Пӯлод Қодиров капитани даста Самад Шоҳзуҳуровро бо Манучеҳр Ҷалилов иваз намуд. Як зарбаи ҷаримавии тоҷикон дар дақиқаи шасту панҷум қариб буд, вориди дарвозаи Тунис бишавад. Дар пайи он, ба ҷои рақами 12 Абдулқаюм Қарабоев ба майдон ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов баромад.


Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои Белгия ва Амрико низ дар ҳоли ҳозир сифр бар сифр аст.
XS
SM
MD
LG