Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисми аввал бидуни гол тамом шуд


Дақиқаҳои охири қисми аввалӣ бозии Тоҷикистон ва Тунис дар Ҷоми Ҷаҳон миёни футболбозони навраси зери ҳабдаҳ сол нисбатан оромтар сипарӣ шуд.


Ҳисоб пас аз анҷоми қисми аввали бозӣ сифр бар сифр аст. Амалан, Тунис пас аз ду пирӯзӣ дар ду бозии нахуст ҷои аввалро гирифтааст. Агар Тоҷикистон дар қисми дувуми бозӣ бо фарқияти чаҳор тӯб бар Тунис пирӯз ояд, пас ҷои аввали гурӯҳро мегирад ва бозии ҳаштякниҳоии худро дар шаҳри Чангвон бо тими Фаронса мегузаронад. Дар сурати мусовӣ ва ё бохт, қисмати Тоҷикистон аз натиҷаи бозии Белгияву Амрико вобаста хоҳад буд. Қисми аввали бозӣ миёни ин ду тим низ бидуни гол анҷом ёфт.


Ҳамин гуна, пирӯзӣ метавонад Тоҷикистонро дар садри гурӯҳ қарор диҳад ва бохт наврасони тоҷикро бозпас ба Ватан бифиристад.


Ин дидори нахустини тоҷикистониҳо бо тунисиҳо дар майдони футбол дар ҳамаи сатҳҳо мебошад. Моҳир Канзарӣ, сармураббии тими Тунис қабл аз бозӣ гуфтааст, ҳарчанд роҳхат ба даври дигар аллакай дар дасти онҳост, аммо дар ин бозӣ низ барои ғалаба талош хоҳанд кард. Пӯлод Қодиров, сармураббии тими наврасони тоҷик гуфтааст, дар бозӣ бо Тунис низ мисли бозиҳои қаблӣ шогирдони ӯ таваҷҷӯҳи аслии худро ба ҳамлаҳо ва пирӯзӣ хоҳанд дод ва натиҷаи бозӣ низ аз муваффақияти бозигарон дар ҳамлаҳояшон вобаста хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG