Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои роҳхат ба 8/1 муборизаро оғоз кард


Дар бозии охирини гурӯҳии худ дар Ҷоми Ҷаҳон ба тими футболи наврасони тоҷик танҳо пирӯзӣ бар пешсафи гурӯҳ - Тунис лозим аст.


Дар акси ҳол, қисмати Тоҷикистон аз натиҷаи бозии дигари гурӯҳи "Е" миёни тимҳои Белгия ва ИМА вобаста хоҳад буд. Имрӯз, 26 август, соати ба вақти Душанбе 12.00 дар варзишгоҳи шаҳри Сувони Кореяи Ҷанубӣ тими Тоҷикистон барои роҳхати дувум аз гурӯҳи худ ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ бо тими Тунис рақобатро оғоз кард.


Дар ҳоли ҳозир, тимҳои Тоҷикистон ва Белгия бо се холӣ ҷойҳои мутаносибан дувум ва савумро гирифтаанд. Аммо аз нигоҳи таносуби тӯбҳо, тими Тоҷикистон пешсаф аст. Аз ин гурӯҳ, тими Тунис аллакай амалан ҷойи аввалро ишғол карда ба даври дигар рохҳат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG