Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Қазоқистон


мс

Дирӯз дар Остона мулоқоти нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон Карим Масимов ва Оқил Оқилов баргузор шуд.


Оқил Оқилов дар пайи ин мулоқот гуфт, Тоҷикистон омода аст дар фасли тобистон ба Қазоқистон то 2,5 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ содир кунад, вале танҳо мушкили мавҷуд дар роҳи иҷрои ин барнома масъалаи интиқоли нерӯи барқ аз тариқи кишварҳои қамсоя ва хаттҳои интиқоли он будааст.


Карим Масимов изҳор дошт, ки Қазоқистон дар равобити иқтисодиаш бо Тоҷикистон ба масоили обу энержӣ авлавият медиҳад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳарду нахуствазир дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ ва фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Остона, пойтахти Қазоқистон, низ ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG