Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили дастрасӣ ба матбуот дар Рашт


ms

Беш аз як даҳсолаи ахир аҳолии минтақаи шарқи Тоҷикистон ба нашрияҳои даврӣ дастрасӣ надоранд.


Як иллати чунин ҳол агар гаронии нархи рӯзномаву маҷаллаҳо бошад, иллати дигар он адами як шабакаи мушаххасу муназзами масъули паҳн кардани нашрияҳои даврӣ дар ин минтақа будааст.


Дар ҳамин ҳол, ба дунболи фурӯ пошидани шабакаи Союзпечат, ки дар замони шӯравӣ ин масъулиятро бар уҳда дошт, кори фурӯши рӯзномаҳо акнун бар дӯши фақат тоҷирони хусусӣ мондааст, ки то ҳол натавонистаанд дар бозори тиҷорати водии Рашт ба худ ҷои по пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG