Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти сарони ду кишвар қабл аз ифтитоҳи пул


KA

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои афғонии худ Ҳомид Карзай дар бӯстонсарои ҳукуматӣ дар Душанбе дидору мулоқот анҷом дод.


Сомонаи интернетии раёсати ҷумҳурии кишвар менависад, ки сарони ду кишвари дӯсту ҳамсоя ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои амният, ҳифзи сарҳад, иқтисоду савдо, энержӣ, илм ва фарҳанги ин ду кишварро баррасӣ кардаанд. Ба навиштаи ин манбаъ, Ҳомид Карзай аз кӯшишҳои Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани равобиташ бо Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба мавзӯъи муборизаи муштарак алайҳи терроризм, экстримизм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддира ишора кардааст.


Қарор аст, фардо, 26-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай дар расми гушоиши пули миёни Тоҷикистону Афғонистони болои дарёи Панҷ ширкат кунанд.


Ин пули иртиботӣ, ки маҳалҳои Панҷи поёни Тоҷикистон ва Шерхон-бандари Афғонистонро ба ҳам мепайвандад, бо пуштибонии молии 37-миллиондолларии Амрико бунёд шудааст.


Гуфта мешавад, дарозии ин пул 600 метр буда, дар як шабонарӯз то 1000 мошини борбар метавонад бидуни мушкилӣ аз болои он гузаранд.


Коршиносон мегӯянд, пули иртиботӣ Афғонистонро на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин Русия хоҳад пайваст. Ба эътиқоди коршиносон, ин пул аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва геополитикӣ дошта, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо роҳи заминӣ ба кишварҳои халиҷи Форс роҳ ёбад.
XS
SM
MD
LG