Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди 9-дарсадии саноати Тоҷикистон


FM

Кумитаи омори кишварҳои муштаракулманофеъ рушди саноати Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷориро 9 дарсад баровард кардааст.


Гуфта мешавад, мизони рушди саноати Тоҷикистон тақрибан баробари мизони миёнаи рушди саноатӣ дар паҳнои кишварҳои муштаракулманофеъ будааст.


Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, имсол содироти маҳсулоти саноатии кишвар афзудааст, вале дар таркиби содирот ҳамчунон як бахши аъзамро алюминиум ва пахта ташкил медиҳанд, ки ҳарду ба сурати маҳсулоти нимтайёр ба фурӯш бароварда мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, мизони рушди тавлидоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон то ҳол ба ҳадди ҳатто соли 1990, яъне ба ҳадди 17 соли пеш, баробар нашудааст.
XS
SM
MD
LG