Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти муҳоҷирини хориҷӣ дар Маскав


ms

Маъмурони бахши маскавии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳанд, аз чанд манзили матрук дар кӯчаи Садовническаяи пойтахти Русия тақрибан 200 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистон ва Молдоваро боздошт кардаанд.


Гуфта мешавад, муҳоҷирин дар ин минтақа ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва акнун онҳоро хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола танҳо аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар бо талаби пайдо кардани кор роҳии Русия мешаванд. Бино бар охирин омори расмии нашршуда, аз соли 2002 ба ин сӯ ҳудуди 50 000 нафар аз атбоъи Тоҷикистон бо ҷурми нақзи шароити кору иқомат аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG